ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Маблағи зиёде барои ин мақсад масраф шуда, коршиносон ба ҳар роҳ ба ин минтақаи барои Русия мувофиқ омадан гирифтанд.
ДАВРАИ 2.
ТАЛОШИ АБАРҚУДРАТҲО:
РУСИЯ ВА АНГЛИЯ
Дар нимаи аввали асри 18 дар натиҷаи тохтутози бодиянишинҳо ва ислоҳоти зиёди пулӣ ҳоли шаҳр ва косибону косибӣ дар Осиёи Миёна хароб гашт ва дар ин шароит тиҷорат бо Русия аҳамияти бештар пайдо кард. Давлати Рус ба инкишофи тиҷорат бо Осиёи Миёна хеле манфиатдор буд ва барои он шароити муфид муҳайё мекард. Баъди ба вуҷуд омадани истеҳкоми Оренбург, соли 1735 бо мақсади ҷалб кардани тоҷирони Осиёи Миёна чанд муддат дар ин ҷо савдои бидуни боҷи гумрукӣ эълон карда шуд. Ҳодисаи нав дар ин самт - ширкати фаъолонаи худи тоҷирони рус буд. Онҳо дар шаҳрҳои гуногуни Осиёи Миёна 2-3 сол истиқомат намуда, молҳои истеҳсоли Русияро оварда, молҳои маҳаллиро ба Русия мебурданд. Ҳарчанд ки дар ин давра тиҷорат бо Эрону Ҳинду Чин низ ба роҳ монда шуд, саҳми Русия бамаротиб бештар боқӣ монд. Дар хусуси зарурати ривоҷи бештари тиҷорат Флорио Беневени, ки соли 1722 дар Бухоро зистааст, ҳикоят карда менависад, ки молҳои ҳам барои Русия ва ҳам Бухоро зарурӣ мавҷуданд.
Вале муносибатҳои тиҷоратию сиёсии Русия бо Осиёи
Марказӣ дар ибтидои асри 19 ба мушкилот дучор шуд.
Империяи Британия пас аз мустаҳкам кардани мавқеи худ дар Ҳиндустон рў ба шимол овард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё