Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Ҳарчанд ки мулкҳои мустамликавии вай бо аморати Бухоро, Хўқанд ва Хева ҳамсарҳад набуданд, ҳудуди Афғонистонро барои тавсеа ёфтан дар ин минтақа истифода бурдан хост. Мардуми афғон аз оғози асри 19 то ибтидои асри 20 зидди асорат гарони англис мубориза бурд, вале дар натиҷаи сиёсати пурмакри ҷаҳондорон, ҳокимони вай амалан мутеъи англисҳо буданд. Ҳукумати Англия бо истифода аз ҳудуди ба ў тобеъшудаи Афғонистон ба Осиёи Марказӣ ҷосусонро мефиристод. Аз ҷумла, солҳои 1812 - 1813 гурўҳи ҷосусони мусулмонро бо роҳбарии Мириззатулло фиристод. Вай маълумоти стратегӣ ва тиҷоратӣ ҷамъ кард. Сипас миссияи В.Муркрофт ва Ҷ. Требек, Александр Борис ба омўхтани масоили ҳарбию тиҷоратӣ машғул шуданд. Онҳо бар он сайъ карданд, ки барои тиҷорат дар ҳудуди аморати Бухоро созишнома ба тасвиб расонанд.
Ба Москва ва Санкт - Петербург хабарҳо мерасид, ки соҳибкорони британӣ ба Бухоро молҳои арзон оварда мефурўшанд. Губернатори ҳарбии Оренбург В.Петровский барои шинос шудан бо вазъият ба ин кишвар шахсони мўътамади худро фиристод. Солҳои 1833-1836 П.Демезон, Я.Виткевич дар назди ҳукуматдорони амирӣ ба таври ним расмӣ хизмат намуданд. В.Даль аз гуфтаҳои онҳо гузориш навишта, ҳукумати худро андак хотирҷамъ кард, ки дар тиҷорат бо Осиёи Миёна имконоти Русия хеле бештар буда, роҳ наздик аст ва моли истеҳсоли Русия дар саросари Осиёи Миёна то Ҳиндустон назар ба моли англисӣ арзиши бештар дорад.
Вазъият дар давраи ҷанги Англия ва Афғонистон дар солҳои 1838-1842 хеле муташанниҷ гардид. Ҳирот, ки нис батан ба Бухоро наздик аст, ба маркази ҷосусии англисҳо мубаддал гардид. Онҳо аз ҷанги таблиғотӣ васеъ истифода мекарданд. Аз ҷумла, дар Оренбург овоза паҳн шуд, ки Англия ҳадаф гузоштааст, Бухорову Хеваро ишғол кунад.

пешина
аз 601
навбатӣ