Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Ба Бухоро ҷосусони озмудаи англис Стоддарт ва дертар Конноли (пештар ў дар Хева ва Хўқанд буд), Аббот ба Хева, дертар ба ҷойи ў Р.Шекспир фиристода шуданд.
Онҳо маълумоти зарурӣ гирд оварда, аморатро ба ҷанги якҷоя зидди Русия таҳрик додан хостанд. Албатта, гумоштагони Русия аз ин бохабар шуданд ва ба амири Бухоро Насруллохон ахборот дода шуд. Ва амири дар аҳди дўстӣ устувор ҷосусони англис Стоддарт ва Коннолиро дошта, аввал ҳабс кард, сипас ба қатл расонд.
Дар навбати худ Русия бо мақсади бесамар гардондани ҳадафи сафирону ҷосусони англис дар қатори дипломатҳои худ олимони намоёнро чун П.Никифоров, Г.Данилевский, К.Бутенев, шарқшинос Н.Ханыков ва дигарон ба Осиёи Миёна фиристод. Онҳо бори аввал дар асоси илмӣ омўхтани кишварро оғоз карданд.
Дар қисмати ғарбии Осиёи Миёна - хонигарии Хева ҳам вазъият барои Русия мувофиқ буда, хон ваъда дод, ки боҷи гумрукии молҳои Русияро аз 5 дарсади арзиши воқеии онҳо болотар нахоҳад бурд. Корвонҳои транзитӣ аз боҷ озод буданд. Ҳукумати подшоҳӣ низ ба тоҷирони Хева имтиёзи барои дигар тоҷирон роиҷро дод.
Вале бо вуҷуди ин, вазъият ором набуд. П.И.Небольсин навишта буд: «Англисҳо бо қасди тамоман касод кардани моли русҳо солҳои 1841-42 ба Бухоро ба миқдори зиёд маснуоти худро оварда, онҳоро бо чунон нархи арзон (ҳатто бар зиёни худ) ба фурўш гузоштанд, ки тамоми мардум ба ин молҳои нав дарафтода, дигар ба читу чалвору моҳути мо эътиборе надоданд. Англисҳо ба ин васила тоҷирони моро дур карда, пас аз як-ду сол нархи молҳои худро якбора ду баробар баланд бардоштанд». Капиталистони Лондон, Ливерпул, Манчестер ва дигар шаҳрҳои Англия пештар низ борҳо ин усулро барои азхуд кардани бозори Синду Панҷоб истифода бурда, маҳз бо ин усулҳо ба ҳудуди Ҳинд сар дароварда буданд.

пешина
аз 601
навбатӣ