Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Ин ҳуҷуми равонӣ ва экспансияи тиҷоратии Англия дақиқан бар зидди Русия буд. Департаменти тиҷорати хориҷии Русия дар соли 1845 сабаби кам шудани содиротро ба Осиёи Марказӣ дар он дид, ки «молҳои нисбатан арзони Ост-Индия ва Англия ба бозори Бухоро кашонда мешавад». Тоҷири рус Ф.Пичугин соли 1848 шикоят кардааст, ки «англисҳо сармояи худро дареғ надошта… ба Осиёи Миёна наздик мешавад ва мо дар ин бозорҳо молҳои англисиро бисёр вомехўрем».
Солҳои 50-ум ин «ҳуҷум» бештар гашт. Дар ин ҷода Британия аз имконияти шарики стратегии худ - Туркияи Усмонӣ ҳам истифода мебурд. Англия ва Туркияи иғвододаи вай чун давлати исломӣ борҳо саъю кўшиш карданд, ки шиори «ғазавоти» иттиҳоди се давлат - аморати Бухоро хонигариҳои Хева ва Хўқандро ба муқобили Русия амалӣ кунанд. Хавфи ба ин ҷанг ҳамроҳ шудани Англия низ мавҷуд буд. Ҳатто дар парлумони Англия соли 1858 ҳангоми муҳокимаи масъалаи вусъат додани экспансияи тиҷоратӣ ба Осиёи Миёна яке аз вакилон таъкид намуд, ки ҳамин омил «имкони ба ин мамлакат фиристодани қувваҳои мусаллаҳро зиёд мекунад». Вале ин кўшиш ҷомаи амал напўшид. Англияи дар сиёсат пухта ва ботадбир дар зоҳир бо амалдорони осиёимиёнагӣ аҳди дўстӣ баст. Вале дар амал Туркияро барои шикасти Осиёи Миёна истифода мебурд, амири Афғонистонро ба ҷанг таҳрик дода, барои ишғол кардани мулкҳои тоҷикону ўзбекони аморати Бухоро дар соҳили чапи рўди Омў кўмак мекард. Дар натиҷа, бисёр шаҳрҳои бостонии тоҷикону ўзбекон, ки аз қадим дар соҳили чапи дарёи Омў зиндагӣ мекарданд, ба таври сунъӣ аз бародарони ҳамхуни дар он тарафи дарё будаи худ ҷудо шуданд.

пешина
аз 601
навбатӣ