ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
ТАЛОШИ АСОСӢ БАРОИ ПАХТА
Дар асри 19 пас аз ҷангҳои зиёд вазъияти сиёсии ҷаҳон муташанниҷ гашта, ба он боис шуд, ки самти сиёсати Русия тағйир ёфт ва боз ҳам бештар ба Осиёи Миёна рў овард. Якчанд омили таърихӣ ба ин ҳолат мусоидат намуд. Нахуст, ҳукуматдорони маҳаллии Осиёи Миёна ҷонибдори ҳамкорӣ бо Русия буданд. Бинобар ин, тиҷорат натиҷаҳои назаррас дод. Агар дар оғози асри 19 соле 1 ҳазор пуд пахта ба Русия кашонда шавад, ин рақам соли 1818 ба 10 ҳазор пуд ва соли 1858 ба 180 ҳазор пуд расид (П.И. Небольсин, 1865). Дуюм, дар Америка ҷанги шаҳрвандӣ сар зада, дар натиҷа содироти пахтаи он ба Русия кам шуд. Бинобар ин, соли 1862 содироти пахта аз Осиёи Миёна ба Русия се баробар зиёд гашт. То соли 1861 як пуд пахтаи Бухоро дар ярмаркаи Нижегород 4-5 сўм арзиш дошта бошад, соли 1862 ба 7,5 сўм ва соли 1864 ба 23-24 сўм расид. Дар даҳсолаи 1840-1850 танҳо бо роҳи Оренбург аз Русия ба давлатҳои Осиёи Миёна 40 ҳазор пуд мис, беш аз 400 ҳазор пуд оҳан, 75 ҳазор пуд чўян,
25 ҳазор пуд пўлод ва ғайра ирсол гардид.
Мавриди зикр аст, ки ҳатто дар давраи авҷи тиҷорат низ ҳиссаи содироти маводи Осиёи Миёна ба Русия ҳамагӣ 2-3 дарсадро ташкил менамуд ва қисми зиёди молҳои содиротӣ аз Русия меомад. Яъне, ҳанўз 10-15 пеш аз истилои Русия давлатҳои Осиёи Миёна таҳти нуфузи иқтисодии давлати Рус қарор гирифта буданд.
Дар асри 19 омўзиши илмии Осиёи Миёна сурат гирифта, олимони олидараҷаи ҷуғрофия, геология, геодезия, астрономия, табиатшиносон, шарқшиносон ва забоншиносони пуртаҷриба омада, дар зарфи 50 сол барои ҷаҳон дар бораи Осиёи Миёна маълумоти дақиқи илмӣ доданд. Шарқшиноси намоёни рус В.В.Григорьев ба тадқиқи илмии забони тоҷикӣ шурўъ кард. Саҳми олимони рус Н.В.Ханыков, Н.П.Игнатев, П.И.Лерх, Х.Д.Френ, И.Н.Березин, Н.И.Илминский ва дигарон дар омўзиши таъриху тамаддуни халқҳои Осиёи Миёна калон аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ