Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Ин ҳама ба натиҷае оварданд, ки аз ҳамон давра муносибатҳои тарафайни халқҳои Осиёи Миёна ва рўс дўстона ва некхоҳона гаштанд.

ДАВРАИ 3.
ИСТИЛОИ ОСИЁИ МИЁНА
АЗ ҶОНИБИ РУСИЯ
Чунин ба назар мерасад, ки талошҳои Британия дар солҳои 40-50-ум барои вусъат додани тиҷорат ва дасисаҳои сиёсии он боиси зудтар сурат гирифтани ҷанги истилокоронаи Русия ба Осиёи Миёна гардид. Соли 1853 Русия қалъаи Оқмаҷити Хўқанд (Қизил Ўрдаи ҳозира)-ро ишғол кард. Ҳамон сол аввалин роҳи обии Русия ба Осиёи Миёна кушода шуда, киштиҳои рус аз баҳри Арал ба саргаҳи дарёҳои Сир ва Ому ҳаракат карданд ва дар баробари ин, истеҳкомоти Сирдарё сохта шуд.
Ҳуҷум ба Осиёи Миёна аз ду самт - Оренбург ва
Ҳафтрўд сурат гирифта, қўшуни подшоҳӣ соли 1864 Чимкент, соли 1865 Тошкент, с.1866 Хуҷанд, Нов, Ўротеппа, Ҷиззахро ишғол намуд, 2 майи соли 1868 ба Самарқанд ворид шуд. Дар байни ин ду сол аморати Бухоро ва хонигарии Хўқанд ба мағлубият дучор шуданд. Аввали соли 1868 хони Хўқанд Худоёрхон бо ҳукумати подшоҳӣ муоҳида баста, ба империяи Русия тобеъ шудани худро эътироф кард. 23 июни с.1868 генерал-губернатор Кауфман бо амири Бухоро Музаффар муоҳида имзо кард, ки як қисми Бухоро ба Русия гузашт ва аз ҳуқуқи бо ихтиёри худ муносибат кардан бо давлатҳои хориҷӣ маҳрум гардид. Бухоро барои хароҷоти ҳарбии Русия 500 ҳазор сўм дода, вассали Русия шуд.
Ба савдогарони рус барои дар ҳудуди ин кишварҳо озодона тиҷорат кардан рухсат дода шуд ва боҷ на бештар аз 2,5%-ро ташкил мекард.

пешина
аз 601
навбатӣ