Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Соли 1870 «Экспедитсияи Искандаркўл» сурат гирифта, генерал Абрамов ба мулкҳои ниммустақили кўҳистони Моғиён, Фон, Киштуд, Фалғар, Мастчоҳ, Яғноб ва ғайра юриш намуд. Ба ҳайат олимон А.Ф.Федченко, геолог Д.К. Меншиков, нақшабардор Л.Н.Соболев ва донишмандони дигар дохил шуданд.
Дар натиҷа, ин минтақаи Тоҷикистони ҳозира низ ба музофоти Зарафшони Русия ҳамроҳ шуд.
Соли 1873 абарқудратҳо мувофиқате ҳосил карданд, ки дар Хева протекторати Русия ва дар Афғонистон протекторати Англия барқарор мегардид. Пас аз ин, ҳуҷум ба Хева оғоз шуд. Баҳонаи ҷанг - ҷазо додан ба куштори сафорати Бекович-Черкасский дар соли 1717 ва «муносибати беэҳтиромона» ба намояндагони генерал-губернатори Туркистон шуд. Вале асли мақсад ба даст овардани манбаҳои нави ашёи хом буд. Моҳи майи 1873 қалъаи шаҳри асосии Хева ишғол шуд, 2 июни ҳамон сол муоҳидаи байни Русия ва Хева ба имзо расид.
Соли 1891 дастаи на он қадар калони полковник М.Ионов ба сафари иктишофии Помир фиристода шуд.
Шартномаи байни Русия ва Англия соли 1894 ба расмият даромада, баҳори соли 1895 комиссияи англису рус марзи Осиёи Миёнаро муайян намуд. Январи соли 1896 Николаи
2 сарҳади империяи Русияро тасдиқ намуд ва Осиёи Миёна пурра ба ҳайати Русия даромад.
Пас аз истилои Осиёи Миёна саноатдорони Русия дар ин кишвар ба рушди пахтакорӣ аҳамияти калон дода, солҳои 70-80-ум барои кишти пахтаи серҳосили америкоӣ мусоидат намуданд. Осиёи Миёна ба манбаи моли хом барои саноати Русия мубаддал гардид. Косибон ва ҳунармандони майдаи маҳаллӣ ба молҳои саноатии Русия рақобат карда натавониста, шикаст мехўрданд. Иттиҳоди соҳибкорони саноати бофандагӣ кўшид, ки дар маҳалҳои пахтакор фабрикаҳои бофандагӣ созад, вале ин тадбир аз ҷониби корхонаҳои саноатии шаҳрҳои марказии Русия дучори муқобилияти сахт шуд.

пешина
аз 601
навбатӣ