ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Дар натиҷаи суръати афзоиши маҷмўи маҳсулоти дохилӣ, ки дар давраи буҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ то андозае суст шуда буд, барқарор гардид ва соли 2013, масалан, 7,4 ва соли 2014 6,7 дарсадро ташкил дод. Даромадҳои пулии аҳолӣ соли 2013 16,5 ва ҳаҷми маош 20 дарсад афзоиш ёфтанд. Болоравии маош соли 2014 - 12 дарсад буд.
Торафт боло бурдани иқтидори содиротии кишвар, коркарди ниҳоии ашёи хоми ватанӣ, истеҳсоли маҳсулоти ба рақобат тобовар, муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ, амалӣ сохтани ҳадафҳои иҷтимоии давлат ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ заминаҳоро барои рушди устувори иқтисодӣ таҳким бахшиданд.
Аз он ҷумла, дар саноат ба содирот, ба пуркунии ҷои воридот равона сохтани раванди тавлиди маҳсулот ва бо ҳамин тағйир додани таркиби содирот, даст кашидан аз амалияи содироти ашёи хом ва то ба маҳсулоти ниҳоӣ расондани коркарди он дар дохили мамлакат, ба вуҷуд овардани низоми умумидавлатии дастгирии содирот ва бо ин максад тахсис додани қарзҳои имтиёзнок самтҳои афзалиятноки рушд қарор гирифтанд. Номгўи маҳсулоти саноатии ватанӣ дар бозори дохилӣ васеътар шуд. Давоми солҳои 2012 - 2013 324 ва соли 2014 150 корхонаи нави хурду миёна, бо ҳазорон ҷойи кор ба фаъолият пардохтанд.
Дар доираи татбиқи барномаҳои давлатии рушди саноати сабук барои солҳои 2006 - 2015, коркарди пурраи нахи пахта барои давраи то соли 2015, рушди коркарди маҳсулоти кишоварзӣ барои солҳои 2007-2015 як силсила иқдомҳои мушаххас ба миён омаданд. Баробари ин, имкониятҳои рушд дар соҳаҳои истихроҷу коркарди маъдан, аз ҷумла оҳан, азхудкунии захираҳои табиии кишвар, саноати металлургияи ранга, саноати сабук, истеҳсоли хўрокворӣ, мошинсозӣ ва бахшҳои дигар мавриди омўзишу истифода қарор доранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё