ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Саноати масолеҳи бинокорӣ, истеҳсоли семент дар мамлакат босуръат пеш мераванд.
Ҳамаи ин пешрафтҳо дар давраи сипаришуда ва ҳамчунин, заминаҳое, ки барои оянда гузошта шудаанд, имконият доданд, то мо акнун дар бораи аз як кишвари аграрию саноатӣ ба кишвари саноатию аграрӣ мубаддал сохтани
Тоҷикистони азизамон сухан ба миён оварем. Яъне, аз рушди саноату энергетика барномаҳои иқтисодии давлати мо мақоми торафт баландтарро касб карда, ин соҳаҳо дар
Тоҷикистони фардо афзалиятро соҳиб хоҳанд шуд. Мавзўи мазкурро нахустин бор Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ироаи Паёми соли гузаштаашон ба Маҷлиси Олӣ матраҳ намуданд.
ҲАДАФҲОИ СТРАТЕГӢ: ИҚДОМОТИ НАВ ДАР
ТАҲКИМИ ЗАМИНАҲО
Чун дар бораи саноат ҳарф задем, бамаврид аст, ки акнун дастовардҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар рушди энергетика мухтасар ёдовар шавем, зеро саноат ва умуман, ягон соҳаи ҳаёти имрўза бе энергетика пеш намераванд ва ба ҳамин хотир аст, ки таъмини истиқлолияти энергетикӣ яке аз ҳадафҳои стратегии давлатамон шуморида мешавад.
Бояд гуфт, ки давраи гузашта дар ин бобат ҳам дигаргуниҳо хеле зиёд буданд. Аз ҳама муҳим он аст, ки дар ин миён неругоҳи барқи обии «Сангтўда-2» дар дарёи Вахш ва навбати аввали маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2»
мавриди истифода қарор гирифтанд. Вазифаи навбатӣ бунёди навбати дуюм ва то 400 мегаватт расондани иқтидори маркази зикршуда аст. Ҳоло корҳо дар ин самт идома доранд. Манбаъҳои нави энергетикӣ имкон доданд, ки истеҳсоли неруи барқ дар кишвар афзоиш пайдо бикунад.
Вобаста ба ҳалли мушкилоти энергетикӣ ва оянда ба яке аз мамлакатҳои содиркунандаи энергияи барқи арзон табдил додани Тоҷикистон дар кишвар лоиҳаҳои зиёде доир ба бунёди нерўгоҳҳои барқии обӣ, кашидани хатҳои нави интиқоли он мавриди татбиқ қарор гирифтаанд ва ё қисмеашон ҳоло татбиқ шуда истодаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё