Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Таъмини амнияти миллӣ, мубориза бо терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, коррупсия, тиҷорати одамон мисли пешина самтҳои афзалиятноки фаъолияти кишвар буданд. Соли 2010 фармони Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи тадбирҳои иловагии тақвияти муқовимат ба коррупсия» ба имзо расид ва ҳамон сол назди Президенти кишвар Шўрои миллии муқовимат бо коррупсия таъсис ёфт, ки ба пешбурди фаъолияти зиддикорупсионӣ хеле мусоидат намуданд.
Тадбирҳо, минҷумла, дар доираи татбиқи барномаи мубориза бар зидди коррупсия барои солҳои 2013-2020 вусъати тоза пайдо карданд. Ҳамзамон, давраи мазкур корҳо дар роҳи амалӣ сохтани стратегияи миллии мубориза бо маводи мухаддир барои солҳои 2013-2020 оғоз гардиданд. Зимни қабули қонуни дахлдор ҳамкории мақомоти милитсия бо аҳолӣ ҷиҳати пешгирии ҷиноятҳо ва таҳкими фазои ҳуқуқӣ дар ҷомеа аҳамияту эътибори махсус касб намуд.

ҲИФЗИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ–САМТИ
МЕҲВАРИИ СИЁСАТИ ХОРИҶӢ
Сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар панҷ соли гузашта хусусиятҳои фаъол, мутавозин ва воқеъбинонаи хешро нигоҳ дошта, ҳифзи манфиатҳои олии кишварро дар сатҳи байналмилалӣ таъмин мегардонид. Сиёсати «дарҳои кушода» самараҳои нав ба бор овард, ки дурустии роҳи пешгирифтаи роҳбарияти кишварро собит месохтанд.
Муносибати кишвари мо ба масъалаи таҳкими равобит бо мамолики ҳамсояи Осиёи Марказӣ хайрхоҳонаю беғаразона буда, аз ҷониби он хоҳиши миёни давлатҳои мазкур ба роҳ мондани чунин сатҳи ҳамкорӣ, ки ҳаракати озодонаи одамон, сармоя, бору коло ва хизматрасониҳоро дар тамоми қаламрави минтақа таъмин сохта тавонанд, борҳо ба миён гузошта шуда буд, Тоҷикистон, ҳамчунин, ташаббускори арзаи пешниҳод ҷиҳати эҷоди камарбанди эътимоду субот ва амният дар тўли сарҳади кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад.

пешина
аз 601
навбатӣ