ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Ба ҳамин манзур таҳкими муносибатҳои гуногунҷанбаъ бо давлатҳои минтақа дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон мақоми хос дорад ва табиист, ки раванди мазкур тўли давраи сипаришуда идома пайдо карда, тақвияти бештар ёфт. Равобити зичи пойдоршудаи миёни Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой дар заминаҳои сиёсию амниятӣ, иқтисодию гуманитарӣ ва ғайра акнун хусусияти стратегӣ касб мекунанд. Давраи мазкур, инчунин, ҳамкориҳо бо шарики анъанавии стратегии мо-Федератсияи Русия, давлатҳои ҳамзабони Эрону Афғонистон, бо дигар кишварҳои ИДМ, бо Ҳиндустону Покистону Туркия, бо мамолики арабӣ, бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупою ИМА дар самтҳои мухталиф таҳкиму густариш пайдо карданд.
Мавқеи Тоҷикистон дар созмонҳои муътабари байналмилалие, ки мамлакати мо узви онҳо ба шумор меравад, фаъолона буд. Душанбе чандин бор маркази баргузории форумҳои бошукуҳи байналмилалӣ, аз ҷумла нишасти навбатии сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар соли 2014 қарор гирифт.
Тоҷикистон чун кишваре, ки дар самти пеши бархўрд бо зуҳуроти терроризму ифротгароӣ қарор дорад, аз густариши фаъолияти ин дастаҳои харобкор дар давлатҳои ҷаҳон амиқан изҳори нигаронӣ карда, борҳо ҷонибдории хешро аз муборизаи муштарак алайҳи ин равандҳои хатарноки аср баён доштааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё