Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Таҳаввулотҳое, ки ҳоло дар ҷаҳони ислом, хусусан дар кишварҳои мусулмоннишин ба амал омада, доман паҳн карда истодаанд, боиси нигаронии ҷиддӣ мебошад.
Мо чандин гурўҳҳои ифротӣ, террористӣ ва ғайриқонуниро чун ҳизби таҳрир, ҳаракати толибон, давлати ба ном исломии нав ба зуҳур омада ва дигар гурўҳҳои мазҳабиро медонем, ки бо мақсади ноил гаштан ба ҳадафҳои ниҳонӣ ва ғаразҷўёнаашон даст ба куштору ғорату террори мардуми осоишта зада, авзои сиёсию иҷтимоии кишварҳоро ноором мекунанд.
Қариб бист сол мешавад, ки ҳаракати Толибон дар кишвари ҳамсояи мо – Афғонистон ва давлати ба ном исломии Шому Ироқ дар мамлакатҳои арабӣ барои бунёди давлати исломӣ мубориза бурда истодаанд. Дар ин ҷо саволе пайдо мешавад, ки магар мардуми кишварҳои мусулмоннишин эътиқодмандони дини мубини ислом нестанд? Ё ки мехоҳанд, ин мардуми ҳазорсола мусулмонро дубора мусулмон кунанд?
Мусаллам аст, ки зери ин шиорҳо мақсадҳои дигар ниҳон аст. Бо куштори мусулмон аз ҷониби мусулмон, даҳшатафканӣ ва террор мардумро иҷборан ба зиндагии асримиёнагӣ бурданианд ё худ зери парчами ислом ҳадафҳои ғаразнок ва қудратталабии баъзе доираҳои муайянро амалӣ кардан мехоҳанд.
Мо дар асри пешрафту инкишофи илму технологияҳои нав қарор дорем. Насли ҷавонро бояд бо дастовардҳои навини он шинос кунем ва омўзонем, меъёрҳои демократии бунёди ҷомеаро амалӣ гардонем, анъанаҳои миллиамонро рушди тоза бахшем. Барои таъмини зиндагии шоистаи мардум талош намоем, анъана ва арзишҳои миллиамонро такмил диҳем ва дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи сазовор дошта бошем.
Дар бораи ташаббусҳои Тоҷикистон ва Сарвари муаззами он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳонӣ мардуми кишвар хуб медонанд.

пешина
аз 601
навбатӣ