ЗАБОНИ АДАБИЁТИ ИЛМИЮ ТЕХНИКИИ ТОҶИКӢ

Нуров Пирмаҳмад. Забони адабиёти илмию техникии тоҷикӣ. Дар воситаи илмии таълимии мазкур бори нахуст дар забоншиносии тоҷикӣ хусусиятҳои умумӣ, луғавӣ ва истилоҳотии забони адабиёти муосири илмии техникии тоҷикӣ мавриди баррасӣ, омўзиш ва таҳқиқ қарор гирифтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 67 саҳифа
Ба иборати дигар, дар сурате истилоҳи илман саҳеҳ сохтан мумкин аст, ки ба кори истилоҳсозӣ донандаи асосҳои ин ё он соҳаи илм машғул бошад. Гузашта аз ин, шахси истилоҳсоз, ҳамчунин, бояд аз қонуниятҳои асосии забони адабӣ, хусусан аз қоидаҳои калимасозиву иборабандии забони миллӣ бархурдор бошад.
Ҳамин тариқ, дар забони муосири тоҷикӣ истилоҳофаринӣ гуфта раванди ҷўйишу созиш ва пазириши муодилҳои тоҷикии истилоҳоти илмиро тариқи тарҷума ва истифода аз истилоҳоти забонҳои муосири илмӣ ба шарти донистани асосҳои ин ё он илми муосир ва қоидаҳои калимасозиву иборабандии забони тоҷикӣ фаҳмидан мебояд. Ба таъбири дигар, истилоҳофаринӣ дар забони тоҷикӣ равандҳои истилоҳсозӣ, истилоҳгузинӣ ва истилоҳпазириро дар бар мегирад.
Истилоҳсозӣ гуфта раванди сохтани муодилҳои тоҷикии истилоҳоти забонҳои муқтадири илмиро дар заминаи қоидаҳои калимасозиву иборабандии забони адабии миллӣ фаҳмидан мебояд.
Истилоҳгузинӣ гуфта раванди интихоби муодилҳои мақбули тоҷикии истилоҳоти забонҳои муқтадири илмиро дар заминаи захираи луғавии забони адабии миллӣ фаҳмидан мебояд.
Истилоҳпазирӣ гуфта раванди пазириши истилоҳоти забонҳои муқтадири илмиро (дар сурати мавҷуд набудани муодилашон дар захираи луғавии забони миллӣ) фаҳмидан мебояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё