МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Диққати аҳли синф ба нигоҳи хомўшона ва ибратбахши муаллим нигаронида шудааст.
Тавассути истифодаи сабти овоз садои маҳину форами ҳунарманди маъруф Ҷўрабек Муродов танинандоз гашта, ҳаяҷон ва изтироби ниҳонии хонандагонро дучанд мегардонад. Сипас, бахши дуюми дарс бо қироати намунавии матн аз тарафи муаллим идома меёбад. Ў хонандагонро ба риояи аломатҳои китобатӣ, зада ва бехато хондани матн даъват менамояд. Хуб мешуд, ки дар синфи Vll бештар хониши хомўшона ба роҳ монда шавад. Ҳангоми хониши хомўшонаи хонандагон муаллим калима ва ибораҳои душворфаҳми матни ҳикоя ва шарҳи онро ба тахтаи синф сабт намуда, онҳоро даҳонӣ шарҳ медиҳад.
Баъд аз ин муаллим дар бахши сеюми дарс ба нақли мундариҷаи ғоявии ҳикояи « Бўи ҷўи Мулиён » шурўъ мекунад:
- Афкори безаволи устод Абўабдуллоҳи Рўдакӣ дар тўли ҳазор сол дар байни мардуми ҳамзабонаш ҷовидон мондааст.
Шеъри Рўдакӣ ниёзи тамоми мардум буда, суханаш равону дилнишин, пурмазмун ва дорои қимати баланд аст. Аз ҳамин сабаб дар тўли қарнҳои зиёде шеъри Рўдакӣ диққати аҳли илму адаб ва тамоми мардумро ба худ кашида буд. Дар адабиёти муосири тоҷик тасвир намудани симои барҷастаи шоир низ ба ин мақсад нигаронида шудааст.
Рўдакӣ дар зиндагии худ шоҳиди воқеаҳои зиёде будааст.
Яке аз ин гуна воқеаҳо дар сайронгоҳи ноҳияи Бодғис, ки амир Наср Аҳмади Сомонӣ муддати зиёде дар он ҷой истиқомат ва истироҳат дошт, эҷод шудани шеъри «Бўи ҷўи Мўлиён ояд ҳаме»
мебошад.
Ин қиссаи таърихӣ, ки то имрўз дар байни мардум ситоиш мешавад, як лаҳзаи ҳаёти шоирро дар бар гирифта, эътибор ва қимати арҷгузории сухани шоирро нишон медиҳад. Рўдакӣ, ки шоири дарбор буд, доимо ҳамроҳи амир сафар менамуд. Дар сафарҳои худ бештар ба мутолиаи китобҳо машғул буд.
Ҳамчунин, дар вақтҳои холӣ ба навохтани асбобҳои мусиқӣ майлу рағбат дошт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё