МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Дар ин робита, нақли мазмуни қиссаи ривоятии «Бўи ҷўи Мулиён…» ва ё қироати пораи матн, ки Низомии Арўзии Самарқандӣ дар «Чаҳор мақола» овардааст, бамаврид аст.
Дар замони давлатдории Сомониён, ки кишвар орому осуда буд, амир Наср бинни Аҳмад ба Ҳирот ҳаракат карда, қариб чаҳор сол дар Бодғису Ҳирот бо гурўҳи надимону дарборонаш иқомат мекунад. Чун атрофиёнаш «донистанд, ки сари он дорад, ки ин тобистон низ ин ҷо бошад», аз саргардониву ломаконӣ малул гашта, орзуи хонумон карданд. Вале сухани ҳеч кас ба амир таъсире нагузошт. Пас, сарони лашкару меҳтарони мулк ба назди устод Абўабдуллоҳи Рўдакӣ рафтанд, зеро аз нодимони подшоҳ ҳеҷ касе мўҳташамтару мақбултар аз ў набуд. Гуфтанд:
-Панҷ ҳазор дирам туро хидмат кунем, агар санъате бикунӣ, ки подшоҳ аз ин хок ҳаракат кунад, ки дилҳои мо орзуи фарзанд ҳамебарад ва ҷони мо аз иштиёқи Бухоро ҳамебарояд.
Рўдакӣ кабул кард ва ҳангоме ки набзи амир бигрифта буд ва мизони ў бишнохта ва донист, ки ба наср бо ў дарнагирад, рўй ба назм овард ва қасидае бигуфт ва ба вақте ки амир сабўҳӣ карда буд, даромад ва ба ҷои хеш биншаст ва чун мутрибон фурў доштанд, ў чанг баргирифт ва дар пардаи «Ушшоқ» ин қасида оғоз кард:
Бўи ҷўи Мулиён ояд ҳаме,
Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме.
Регу Омуву дурушти роҳи ў
Зери поям парниён ояд ҳаме…
Ба амир шеър бо оҳанги дилпазираш таъсири нек гузошт ва бо шунидану ба авҷи шеъру наво расидан, ҳамаро як сў гузошта, ҳатто, бе мўза пой дар рикоби асп ва рўй сўи Бухоро ниҳод…
Муаллим пеш аз ҳама диққати хонандагонро ба мундариҷаи ғоявӣ, сарчашмаҳои навишта шудани ҳикоя, муносибати Рўдакӣ бо Наср Аҳмади Сомонӣ, Абўҷаъфар Муҳаммад Солеҳ, Тоҳири Балхӣ, васфи табиати Бухоро ва атрофи он, қувваи эъҷози каломи бадеъ, вазъи эҷоди шеър, қимати сухани шоир, амалӣ гардидани мақсади шоир ва дар натиҷа ба Бухоро баргаштани амир ҷалб мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё