МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Хуб мешуд, ки муаллим ҳангоми баёни мавзўъ истифодаи харитаи адабиро ба роҳ монад, то ки хонандагон бо вазъи ҷуғрофии шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд, Ҳирот, Панҷакент ва гирду атрофи онҳо пурратар шинос шаванд. харитаи адабӣ дониши назариявии хонандагонро васеъ намуда, онҳоро ба ҷустуҷўи донишҳои нав сафарбар менамояд.
Бахши чоруми дарс, ки ба мустаҳкамкунӣ ва таҳлили матни «Бўи ҷўи Мулиён ояд ҳаме» бахшида шудааст, гузориши мушкилоти мубоҳисавии тадрисро таъмин менамояд. Омўзгор намунаи саволу супоришҳоро пешниҳод намуда, бо хонандагон бо чунин саволи мубоҳисавӣ муроҷиат мекунад:
- Мисраи «Бўи ҷўи Мулиён ояд ҳаме» чӣ маъно дорад ва ба чӣ мақсад оварда шудааст? Оё «бўи ҷўй» ба мафҳумҳои боди сабо, боди форам, насими ҷўй алоқамандие дорад? Намунаи чанде аз ҷавобҳо хонандагон:
МАЛОҲАТ: Дар фасли баҳор дар ҷўйҳо ва талу теппаҳо бўи хуши табиат ҳукмфармост. Шояд Рўдакӣ васфи манзараи гирду атрофи маҳалро карда бошад.
САЛОМАТ: Шоир дар ҷустуҷўи деҳа ё ягон табақаи мардуми Бухоро мебошад, ки дар он ҷо дўстон ва наздикони ў зиндагӣ мекунанд.
ХУРШЕД: Дар Бухоро як табақаи одамон, ки онҳо «Мулиён»
ном доштанд, ва манзили зисташон соҳили ин ҷўй буд. Дар байни онҳо ёрони меҳрубони Рўдакӣ зиндагӣ мекарданд. Шоир ба амир ва ҳамсафаронаш ба он сўи сафар намудааст.
МЕҲРӢ: Ба фикри ман, ин васфи манзараи табиати гирду атроф мебошад, ки шоир аз он рўҳи тозаи эҷодӣ гирифтааст ва ба истиқболи шаҳри азизаш Бухоро ва мардуми он мешитобад.
Чунин манзараҳо дар Бухоро бисёр буданд.
ХУРШЕД: Агар ҷўи Мулиён номи деҳа ё мавзеи таърихӣ бошад, пас, чаро дар китоб бо ҳарфи хурд навишта шудааст?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё