МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Арзиши ғоявии ин ҳикоятро шарҳ дода, моҳияти тимсоли тўтӣ ва симои бозаргонро бояд мушаххас намуд.
Хонандагон бояд донанд, ки асли мавзўи ин ҳикоят тасаввуфист ва мақсад аз дарси тўтӣ ҳамон мавзўи дунёи фонӣ, яъне ҷаҳонест, ки мо дар он зиндагӣ дорем. Чун хонандаи синфи 7 ба фаҳми ин масъала намерасад, бинобар ин, бояд ҷиҳати ахлоқии ҳикоятро дар мадди назар гирифт.
Яъне ғояи ватан ва ватандорӣ метавонад маҳаки андеша бошад. Аз ҳамин мавқеъ дар дарсҳои баъдӣ афсонаро қироат карда, диққати хонандагонро ба тимсолҳои бозаргон, тўтии асир, тўтиҳои Ҳиндустон ҷазб намудан ба дарки моҳияти асар мусоидат хоҳад кард. Моҳияти асарро шарҳ дода, дар хотимаи дарс хулосаи аввалро такрор ва такмил мебахшем, барандагони мавзўъ ва андешаву орои муаллифро дармеёбем.
Асари бадеӣ дар қаринаи роҳи зиндагӣ ва эҷодии адиб таҳлил карда мешавад. Дар таҳлил фаъолияти мустақилонаи хонандагонро низ ба назар гирифтан лозим аст.
Тадриҷан мундариҷа ва шакли дарс тағйир меёбад.
Умумиятдиҳии ин дарс дар заминаи мушоҳидаҳо ва натиҷагириҳое, ки дар ҷараёни омўзиш ҳосил шудааст, воқеӣ мешавад. Чун қоида, дар дарсҳои хотимавӣ дар асоси матни бадеии омўхташуда машқҳои инкишофи нутқи даҳонӣ ва хаттӣ гузаронида мешавад.
Дар синфҳои болоӣ дарсҳои хотимавӣ мураккабтар мешаванд. Бештар натиҷагирӣ аз хусусиятҳои бадеии асар бояд мавриди диққат бошад.
Илова ба он ки дар синфҳои боло дарсҳо мураккабтар мешаванд, равиш ва усули омўзиш низ як дараҷа тағйир меёбад. Масалан, дар дарсҳои муқаддимавии синфҳои боло омўзгор зиёдтар сухан мегўяд, мавқеи сухани ў меафзояд, дар зинаи миёна суҳбат шакли асосии омўзиш хоҳад монд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё