Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Покизагии нафаси инсонӣ ва сабру қаноатмандӣ аз неъмати Худованд, даст бардоштан аз нопокию дӯздию ғоратгарӣ мавзӯъҳои муҳими сурудаҳои шоир мебошад:

Гар зи хирад пой ба домон туй,
Ҷой нигаҳ дор, ки султон туй.


Эй дам аз оини қаноатзада,
Мӯҳр ба дарҳои саноатзада.
Сабр чу ганҷест ба кунҷи хароб.
Рав, ки туй мӯъними комилнисоб.


Бодаву тасбеҳ ба як лаб хатост,
Маҷлису меъроҷ ба як шаб хатост.
Масҷиду майхона чу як ҷо шавад,
Натъи ҳарифон зи мусалло шавад.

Мавзӯи дигари ашъори шоир ин одаму одамгарӣ ва меҳру муҳаббат, дӯстию рафоқат буда, зебогии шахсро маҳз дар ишқи поки инсонӣ дида, чеҳраи зеборо парастиш карда, онро ҳамчун «санъати худододӣ» муаррифӣ намудааст:

Одамӣ он аст, ки дар вай дил аст
В-ар на алафхонаи обу гил аст.


Дӯстие бояд аз он гуна ҷуст,
К — он абадуддаҳр бимонад дуруст.
Дӯст магӯ он ки зи дупӯстӣ
Боз надонад адаби дӯстӣ.


Майли ту ҳар сӯ, ки ба пайванд тохт,
Одамӣ аз дев бубояд шинохт.


Гар нигарӣ пок рӯи лолафом,
Нест гули лола ба дидан ҳаром.

пешина
аз 566
навбатӣ