Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

НИЗОМИДДИН УБАЙДИ ЗОКОНИ
(1270 — 1370)

Донишманди тоҷику форс Убайди Зоконӣ гарчанде зиндагии одии қашшоқона гузаронида бошанд ҳам, барои мо осори бузурги қимматбаҳоеро боқӣ гузоштааст, ки қиммати ӯ барои ҳазорсолаҳои насли инсонӣ боз басанда аст. Дар ҳамон давра ӯ кӯшиш намудааст, ки аз рӯи меҳнати ҳалоли маънавии худ ризқ ҷӯяд. Асарҳо эҷод карда, ба вазирону амирон муроҷиат ва хоҳиш намудааст, ки онро харидорӣ кунанд, вале на ҳама вақт тарафдорони худро пайдо кардааст ва ӯ маҷбур шудааст, ки рӯзгори худро бо роҳи гирифтани қарз таъмин намояд:

Мардум ба айш хушдилу ман мубталои қарз,
Ҳар кас ба кору бореву ман дар балои қарз.
Фарзи Худову қарзи халойиқ ба гарданам,
Оё адои фарз кунам ё адои қарз?!

Ин вазирак надод мар судам,
Гӯ, мадеҳ, з-ӯ ба ман зиён нарасад.

Чунин муносибатҳои сарди вазирону амирон сабаб шуд, ки то миёнасолӣ Убайди Зоконӣ ба дарбор нарафта, оид ба подшоҳону амирону роҳбарони бемаърифату аз илм дур асарҳои зиёди танқидию мазҳакавӣ офаридааст.

Ӯ тахминан дар солҳои 1341 аз Бағдод ба Шероз ба хизмати хоҷа Абуисҳоқ омадааст. Дар он замон дар Шероз дарбориён ба илму адабиёт таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда буданд.

Убайд дар рисолаи «Ахлоқ-ул-ашроф» ба адолату хирадмандии роҳбарон ва андешаронии роҳбарӣ диққати махсус дода, шахси адолатпарасти одилро ба пайғамбар баробар кардааст:

Адл кун, з-он ки дар вилояти адл,
Дари пайғамбарӣ занад одил.

Наҳустини фикрат пасинро шумор,
Туй, хештанро ба бозӣ мадор.

пешина
аз 566
навбатӣ