Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Некӯю некӯкорӣ, мардию мардонатӣ ва донишмандию хирадмандии мардуми оддиро Убайди Зоконӣ аз диндорони бадахлоқ авлотар дониста, ноҷавонмардиро намепарастад:
Ба ҳар мазҳаб ки бошӣ, бош некӯкору бахшанда, Ки куфру некӯӣ беҳ зи ислому бадахлоқӣ.
***** Сармояи мард - мардонагист, Далериву родиву фарзонагист.
***** Ҷавонони «донову донишпазир»
Сазад барнишинанд болои пир.
***** Агар багайратӣ, бодард бошӣ В - агар бегайратӣ, номард бошӣ.
***** Мард бояд, ки дар кашокаши даҳр, Санги зерини осиё бошад.

Дар рисолаи «Сад панд»-и Убайди Зоконӣ фикру ақидаҳо дар шакли масал, ҳикоя ё мақол омадаанд, ки оиди баъзе аз ҳикояҳо ва пандҳо мо дар боби «Сухан андар ҷавҳари роҳбарӣ» гулчин овардаем. Достони «Мушу Гурба»
беҳтарин достони шоир аст, ки аз шакли анъанавӣ куллан фарқ карда, дар ин ҷо образҳои гуногуни роҳбаронро дар лаҳзаҳои гуногун баён ва мардумозорию мардумфиребии онҳоро хеле моҳирона тасвир карда тавонистааст. Дар ин мавриди дар охир худи ӯ мегӯяд:
Ҷони ман панд гир аз ин ҳисса, Ки шавӣ дар замона шодоно.
Ғараз аз «Мушу Гурба» бархондан, Муддао фаҳм кун писарҷоно.

пешина
аз 566
навбатӣ