Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

МИР САИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ
(1314 - 1386)

Мир Саид Алии Ҳамадонӣ (разиаллоҳу анҳу) низ дар таълифи асарҳои панду ахлоқӣ, бахусус тарғиби арзишҳои олии инсонӣ аз қабили ростқавлию поктинатӣ, тавқою парҳезкорӣ, илмдӯстию маърифатпарастӣ, инсондӯстию ҳақшиносӣ ба комёбиҳои назаррас ноил шудааст. Агар арз намоем, ки осори ин марди донишмандро саросар панду ҳикмат ва хиради инсонӣ фаро гирифтааст хато намекунем. Ӯ дар таълимоти хеш инсонҳоро, махсусан роҳбарон - подшоҳону амирон ва аҳли дарборро ба адлу адолатпарастӣ, покию ҳалолкорӣ даъват намуда, ҳамчун намояндаи барҷастаи тасаввуф дар олами ислом мақоми баландро низ соҳиб гаштааст. Яке аз асарҳои машҳури эҷодкардаи ин мутафаккири бузург «Насиҳатнома»1-и ӯ ба ҳисоб меравад. Дар асари мазкур номбурда дар ҳар як ҳидояти хеш ҳикояҳою гуфтаҳои пайғамбарону донишмандонро мисол оварда, фикри худро тақвият додааст, ки ин ба хонандаи азиз таъсири хеле бузурги маънавӣ мебахшад. Мо фақат бахше аз гуфтаҳо ва рисолаҳои эшонро ба Шумо, хонандаи азиз, оварданием ва боварӣ дорем, ки дар ташаккули хиради роҳбариатон бетаъсир намемонад.

РИСОЛАИ «МИНҲОҶ - УЛ - ОРИФИН»2

❖ Эй азиз, зинҳор ба ғайри ҳақ эътимод накунӣ, то пушаймон шавӣ;
❖ Аз ҳақ ғофил мабош, то шайтон ба ту роҳ наёбад;
❖ Ба ҳеҷ чиз мағрур машав, то ҳалок нагардӣ;
❖ Дил аз ҳирс холӣ кун, то роҳат ёбӣ;
❖ Дар кори ҳақ бош, то кори ту сохта гардад;
❖ Ҷуз ҳақ дӯст магир, то хаста нагардӣ;
❖ Дар кори дунё эҳтимом андак кун, то кифоят пайдо ояд;
❖ Дил ба кас мабанд, то зиён накунӣ;

1 Насиҳатномаи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ. Кӯлоб, 1993. - 160с
2 Ҳамон ҷо, с.36 - 47

пешина
аз 566
навбатӣ