Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Касро айб макун то ба айби худ мубтало нашавӣ;

Ғайбатро дӯст мадор, то ҳақ ба ту душман нашавад;

Дар тангӣҳо сабр кун, то фараҳ ёбӣ;

Тамаъ аз дил дур кун, то хор нагардӣ;

Некӣ андеш, то нимаи некӣ пайдо ояд;

Аз ҳама ноумед машав, то умеди ту барояд;

Ғами дунё махӯр, то дил табоҳ нашавад;

Озори кас махоҳ, то амон ёбӣ;

Кина бар кас манеҳ, то дар кина наяфтӣ;

Ростӣ варз, то бираҳӣ;

Қадри неъмат бишинос, то аз ту наситонанд;

Маргро ёд кун, то дил ба дунё нагирояд;

Тарки гуноҳ гир, гар луқмаи ҳалол хоҳӣ;

Таваккуъ аз кас макун, то иззат ёбӣ;

Шукри ҳақ ба ҷой ор, агар неъмати дин ва дунё хоҳӣ;

Хизмати бузургон кун, то ба бузургӣ бирасӣ;

Сабр пеша гир, агар офият мехоҳӣ;

Ва худро ба ҳақ супор, то ба сомон шавӣ;

Даст дар домани соҳибдавлатон манеҳ, агар давлат хоҳӣ;

Қаноат кун, агар тавонгарӣ хоҳӣ;

Ҳиммат баланд дор, то қиммат бияфзояд;

Гӯшае ихтиёр кун, то роҳ ёбӣ;

Дар кас мабин, агар маърифат дорӣ;

Хушхӯй бош, то азиз гардӣ;

Хашм фурӯ бар, то роҳат ёбӣ;

Коре кун, ки пушаймон нашавӣ;

Бо ҳама нармӣ кун, то аз душман бираҳӣ;

Бар зердастон шафқат кун, то раҳоиш ёбӣ;

Оҳистагӣ кун, то шайтон ба ту зафар наёбад;

Дилҳоро дарёб, то хушнудии ҳақ ёбӣ;

Аз худ талаб, агар ҷавонмардӣ;

Дармондагонро дарёб, то дар намонӣ;

пешина
аз 566
навбатӣ