Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Дар баёни мазҳари футувват ва одоби он.

...Ниҳояти ҷавонмардӣ он аст, ки аз сари ҷон бархезад, чунончӣ Хоҷа Хусрави Деҳлавӣ дар ин боб овардааст:
Ҳаст ҷавонмардӣ дирам сад ҳазор,
Кор чу бо ҷон фитад, он ҷост кор.

... Ҷавонмардӣ ду сифат аст: яке нафъ ба дӯстон расонидан ва он ба саховат ҳосил шавад ва дуюм зарари душман аз эшон боздоштан ва он ба шуҷоат вуҷуд гардад....
Нори хандон боғро хандон кунад.
Сӯҳбати мардон - т аз мардон кунад.
Санг агар хорову гар мармар бувад,
Чун ба соҳибдил расад, гавҳар шавад.

Агар пурсанд, ки аркони футувват чанд аст, бигӯй дувоздаҳ: шаш рукни зоҳир ва шаш рукни ботин. Аммо аркони зоҳири футувват аввал, банди забон аст аз ғайбат ва бӯҳтони кизб (дурӯғ) ва сухани беҳуда. Ва аҳди футувват аз касе дуруст аст, ки аз забони ӯ мардум ба саломат бошанд:
Агар мардӣ, забони худ нигаҳ дор,
Зи кизбу ғайбату бӯҳтону озор.

Дуюм, банди самоъ аст аз ошуданиҳо, чунончӣ.. шунавандеи ғайбат аз ҷамъи ғайбаткунандагон аст:
Дигар бибанд гӯш зи ҳар ношуданӣ,
К- аз гуфтугӯи ҳазл шавад ақл торумор.

Сеюм, банди басират аз нодиданиҳо, чунончӣ:
Чашм бипӯшону манеҳ дил зи даст,
К-аз назари ӯст балое, ки ҳаст.

Чаҳорум, банди даст аст аз гирифтани ҳаром ва озурдани халқ:
Дасти худро бибанд аз озор,
Лек бикшо ба додани динор.

Панҷум, банди қадам аст аз ҷое, ки набояд рафт ва ба ғамъу кина ва озори халқ қадам наниҳодан:

пешина
аз 566
навбатӣ