Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Пой бибанд аз раҳи норафтанӣ,
То ки дар ин роҳ ба ҷое расӣ.

Шашум, банди шикаму фарҷ аст, аз хӯрдани ҳаром ва кардани зино, ки албатта аҳли футувват аз зино дуруст набошад ва уқдаи футувват аз ҳаромҳо рост наояд:

Иффати фарҷу батн мебояд,
То дилат аз футувват орояд.

Аммо шаш рукни ботин: аз саховат, тавозӯъ, қаноат, авфу марҳамат, инкори ғурур ва покдилӣ иборат мебошад.

Шароити футувват ҳафтоду як: чилу ҳашт вуҷудӣ ва бисту се азалӣ:

ВУҶУДӢ:

ислом;
шафқат;
таҳорати нафс;
имон;
эҳсон;
аълоҳимматӣ;
ақл;
вафо;
пӯшидани асрор;
илм;
ҳаё;
мутобиати шариат;
ҳилм;
таваккал;
амри маъруф;
зӯҳд;

шуҷоат;
ҳурмати волидайн;
вараъ;
ғайрат;
хидмати устод;
сидқ;
сабр;
ҳақи ҳамсоя;
карам;
истиқомат;
нутқи босавоб;
мурувват;
насиҳат;
хомӯшӣ аз рӯи дониш;
талаби ҳалол;
ифшони салом;

сӯҳбат бо некон ва
покон;
сӯҳбат ба оқилон;
шукргузорӣ;
дастгирии мазлумон;
пурсиши бекасон;
фикрат ва ибрат;
амал ба ихлос;
инсоф додан;
амонатгузорӣ;
мухолифати нафсу
ҳаво;
ризо;
аёдати мариз;
дурӣ аз ноҷинс;
мудовимат ба зикр.

пешина
аз 566
навбатӣ