Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
АЗАЛӢ:
Ва аммо он чӣ аз он эътироз бояд кардан:
❖ мухолифат;
❖ каломи қабеҳ гуфтан;
❖ ғайбати некон кардан;
❖ мазоҳи бисёр кардан;
❖ суханчинӣ кардан;
❖ бисёр хандидан;
❖ хилофи ваъда кардан;
❖ ба ҳиллаву макр ба мардум маош
намудан;
❖ ҳасад бурдан;
❖ ситам кардан;
❖ ғаммозӣ кардан;
❖ сарватҷӯй варзидан;
❖ ҳарис будан;
❖ зино кардан;
❖ амали дароз пеш гирифтан;
❖ айби мардум ҷӯстану гуфтан;
❖ савганд бар дурӯғ гуфтан;
❖ тамаъ аз моли мардум кардан;
❖ хиёнат варзидан;
❖ бӯҳтон задан ва аз нодида хабар
додан;
❖ ҳамр хӯрдан;
❖ рибо хӯрдан;
❖ ба мардуми бадмазҳаб мусоҳибат
намудан.
Ҳар кӣ ин ҳафтоду як шарт хабар надорад бӯи футувват (ҷавонмардӣ) ба ӯ нарасидааст....
Агар пурсанд, ки хислатҳои аҳли футувват чанд аст, бигӯй ки аҳли
футувватро аз 10 хислат чора нест:
❖ бо кори ҳақ ба сидқ;
❖ инсоф ба халқ;
❖ қаҳр ба нафси худ;
❖ бо бузургон ба хизмат;
❖ бо хурдон ба шавқат;
❖ бо дӯстон ба насиҳат;
❖ бо уламо бо тавозӯъ;
❖ ба душманон саховат;
❖ бо ҷоҳилон ба хомӯшӣ;
❖ бо ҳукамо бо ҳилм.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё