Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
... Агар пурсанд, ки мурувват чист, бигӯй, мурувват ҷузъест аз футувват, чунончӣ футувват ҷузъест аз тариқат....
... Агар пурсанд, ки тариқат чӣ маънист, бигӯй тариқат дар луғат роҳи ростро гӯянд.....
....Агар пурсанд, ки асли тариқат чанд чиз аст, бигӯй се чиз: дам, қадам ва карам.
...Агар пурсанд, ки ҳар яке чӣ маъни дорад, бигӯй, дам, яъне дам даркашидан аз ногуфтаниҳо. Қадам, яъне қадам наниҳодан дар нокарданиҳо ва карам, яъне кор кун ва даркор кун. Ҳар кӣ аз ин се асл, яъне надорад ва якеро надонад, аз тариқат бебаҳра аст...
... Агар пурсанд, ки мақоми тариқат чанд аст, бигӯй, чор саду чилу чор. Аммо маҷмӯи он дар чаҳор мақом ҷамъ аст: Аввал тавба, ки ду навъ аст, яке тавбаи зоҳирӣ аз гуноҳ; дуюм тавбаи ботин аз худбинӣ. Дуюм, хуф:
Ҳар кӣ дар хуф аст эминаш кунем,
Ҳар кӣ ӯ банд аст озодаш кунем.
Сеюм, ҷиҳод, яъне ҷанг кардан бо нафс.
Чорум, сабр.
... Агар пурсанд, ки аҳкоми тариқат чанд аст, бигӯй, шаш: Аввал, маърифат; дуюм, саховат; сеюм, таваккал; чорум, тафаккур; панҷум, сидқ; шашум, яқин.
Агар пурсанд, ки аркони тариқат чанд аст, бигӯй шаш: Аввал омӯхтани илм, он чӣ бар ӯ фарз бошад. Дуюм, илмро ба амал расонидан, ки илми бе амал дарахтест бе мева ва чарогест бе равған. Чуноне, ки Саъдии бузург фармудааст:
Бори дарахти илм надонам магар амал,
Бо илм агар амал накунӣ, шохи бебарӣ.
Сеюм, бо халқ хулқи некӣ варзидан:
Хӯи нек ар додат эзид ҳеҷ дигарғӯ мабош,
Хӯи нек, эй одамӣ, аз ҳар чӣ дорӣ беҳтар аст.
Чорум, риёзат кашидан, то оинаи дил ба сайқали муҷоҳидат равшан гардад.
Панҷум, пайваста дар зикри дӯст будан.
Шашум, завқи тамом ба лиқои дӯст доштан.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё