Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

.....Агар пурсанд, ки суннати тариқат чанд аст, бигӯй шаш: Аввал, вақт бо ҷамоат гузаронидан; дуюм, авқоти субҳу шомро ҷамъ доштан: сеюм пайваста пок будан; чорум, дил нигоҳ доштан; панҷум зикри таъзим гуфтан; шашум пирону падаронро бо некӣ ёд кардан.

....Агар пурсанд, ки мустаҳиби тариқат чанд аст, бигӯй шаш: Аввал ба мардон рӯи кушода гаштан; дуввум, таом танҳо нахӯрдан; сеюм, ҳарчанд ваҳмат пеш ояд, рӯй турш накардан; чорум, бо ҳама кас эҳсон варзидан; панҷум, дар ҳама ҷо ҳифзи ҳурмат варзидан; шашум номуси худро ва пирону устодонро нигоҳ доштан...

.....Агар пурсанд, ки наҳйи тариқат чанд аст, бигӯй шаш: Аввал, тарки ҳавои нафс; дуввум, тарки сарват; сеюм, тарки дурӯғ; чорум, тарки зино; панҷум, тарки хамр, шашум тарки хиёнат.

Дар баёни маънии тасаввуф ва одобу аркони он.

Бидон, ки тасаввуф яке аз мақомоти тариқат аст. Ва ихтилоф кардаанд, ки ин исм ҷадид аст ё қадим. Баъзе бар онанд, ки ин исм баъд аз замони зуҳури ислом пайдо шуд... Вале маълум мешавад, ки номи тасаввуф дар замони пеш аз ислом низ буда ва дар китоби «Унс ас-сӯфия» нақл мекунад, ки аввалин касе, ки ӯро сӯфӣ гуфтаанд ШИС — яке аз фарзандони Одам будааст ... Либосҳои ӯ аз сӯфи сабз будааст ва ин аз рӯзгори ШИС дар ҳаққи пашминапӯшон машҳур шуд. Ҳар кӣ ташбеҳ ба ин тоифа мекунад, ӯро аҳли тасаввуф ном мекунанд. Пас, ҷамоате, ки ба ҷидду ҷаҳд толиби аҳли суфиёни соҳибкамоланд, эшонро мутасаввифия мегӯянд.

Агар пурсанд, ки тасаввуф чист, бигӯй, инро ҷавоб бисёр гуфтаанд:
Аввал, тасаввуф гуфтаанд, таҳлия (тасаввур кардан) аст ва ба ахлоқи ҳамида ва васфи писандида.... Дуюм, тасаввуф тасвияи (покиза кардан) рӯҳ аст аз ағёр. Сеюм, тасаввуф хузӯъ (шикастанафсӣ) ва хушӯъ (фурӯтанӣ) аркон аст дар тариқи маърифат. Чорум, тасаввуф тарки даъво кардан аст ва маъниро аз мардум пӯшидан, яъне то мард аз даъво нагузарад ба маъни нарасад ва то маънии худро пинҳон надорад аз тасаввуф насиба наёбад. Панҷум, тасаввуф ишорат ба ҳусни ибодат. Шашум, тасаввуф хор доштани нафс аст ва азиз

пешина
аз 566
навбатӣ