Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
доштани амр. Ҳафтум, тасаввуф ҳама адаб аст ва ҳар ки ба яке аз асбоби факр таҳовун (мусолиҳакорӣ) кунад аз тасаввуф ҷуз номе намедонад.
Агар пурсанд, ки ин тоифа, ки номи тасаввуф бар худ ниҳодааст, чанд гурӯҳанд, бигӯй се гурӯҳ: Аввал, мустасуф ва ӯ касест, ки барои мол, ки поймоли ҳар кас ба ҷиҳати ҷоҳ, дастфарсуди ҳар кас аст, ташбеҳ ба дарвешон карда бошад ва аз ҳеҷ мартаба бохабар набувад ва дар ҳаққи чунин кас гуфтаанд:
Норафта раҳи сидқу вафо гоме чанд,
Бадномкунандаи накӯноме чанд.
Дуюм, мутасаввиф ва ӯ он аст, ки ба сарманзили мақсуд расад.
Сеюм, суфӣ ва ӯ он аст, ки аз худ фонӣ ва ба ҳақ боқист....
Гуфтаанд, ки суфиён се қисманд: Муоширон, мутарасмон ва муҳаққиқон. Муоширон муҳибону дӯстдорони ин тоифаанд ва эшонро умедвориИ тамоми аст... Аммо мутарасмон онҳоанд, ки ба расму сурати дарвешон бароянд ва ба зоҳиран тақлиди аҳвол ва ақволи эшон кунанд ва ба ботин толиби вақту ҳоли эшон бошанд ва доим ба забони ҳол гӯянд:
Гар нек оем моро зи эшон шуморанд,
В- ар бад бошем, моро бад-эшон бахшанд.
Ин гурӯҳ низ дур нест, ки дар файзи муассири эшон насибе ёбанд. Аммо муҳаққиқон — эшон ҷамоатеанд, ки суф пӯшанд ба сафо ва бичашонанд нафсро таоми ҷафо ва дунёро биандозанд аз қафо ва сулук кунанд бар тариқи нек...
Агар пурсанд, ки суфӣ чӣ маънӣ дорад, бигӯ дар маънии суфӣ сухани бисёр гуфтаанд:
- Аввал, суфӣ он аст, ки ба зоҳиран банда бошад ва ба маъни озод.
Яъне зоҳири худро бар тоату ибодат ва хизмат вақф карда бошад, ботини худро бо тамоми алоқаҳо чун озодмардон пок сохта бошад.
- Дуюм, суфӣ он аст, ки ҳеҷ чиз дар банди вай наояд ва вай дар банди ҳеҷ чиз набошад. Ин ду калима ишорат ба мартаба аст: Яке ихлос, ки банда мутлақан аз сифати башария фонӣ шуда бошад ва яке ҳуррият (озодӣ). Он ишорат аст бад — он ки солик аз факри зотии худ бозраста бувад ва ба гинои зотии худ пайваста.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё