Зеҳн
Фарзияи усто Салим

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 161 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Принсипи тарсонидани корманд бо истифодаи усули аз кор озод кардани корманд барои саривақт иҷро накардани супориш, аз ҷониби директори нашрия-ҷаноби Рауф Ҳикматуллоев хело хуб истифода бурда мешуд. Моҳҳои охир, ба сабаби муҳлати танги иҷрои супоришҳои муштариён, рӯзе набуд, ки нафаре огоҳӣ ё танбеҳ нагирифта бошад. Ин муҳити бе он ҳам вазнину муташанниҷи кориро, вазифаҳои дигари дар пеши кормандон истода, боз ҳам асабонитар мекард, зеро ба ғайр аз форум боз дигар фирмаву корхонаҳои гуногун интизори омода гардидани маводҳои чопиашон буданд. Кормандони бечора аз тарси танбеҳ гирифтан ё аз кор озод шудан, то бевақтии шаб саргардони кору иҷрои вазифаҳояшон буданд.
– Ҳаматонро аз кор озод мекунам, ландаҳӯрҳо, бекорхӯҷаҳо, умуман штатро нав мекунам, ягон нафаратон вазифаатонро хуб иҷро намекунед, – барин таҳдидҳоро акнун-тез-тез дар роҳравҳои корхона аз ҷониби директор шунидан мумкин буд.
Ин ҳангомаро мушоҳида намуда, Анӯшервон бори дигар муътақид шуд, ки одамизодро саропо тарс иҳота карда, то охирон лаҳзаи ҳаёташ шарики наздиктаринаш мешавад.

пешина
аз 161
навбатӣ