Зеҳн
Фарзияи усто Салим

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 161 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

– Ҳангоме ки ману ту роҳ мегардем, аввалин чизе ки таваҷҷуҳи туро ба худ ҷалб мекунад чӣ аст? – суол дод мӯйсафед.
– Мошинҳо, одамҳо, садои баланди кӯча, аниқтараш нақлиёт, равшанӣ ва дигару дигар майдачуйдаҳо, –посух дод Анӯшервон.
– Бале, боз чӣ? Чизе ки ба ғайр аз нақлиёту одамон, он чизе ки зинда несту, аммо таъсираш аз ҳама зиндаҳои олам ба ту бештар аст? – пурсид мӯйсафед.
– Ростӣ, мақсади шуморо нафаҳмидам, зеро чизи дигареро намедонам, ки айни замон ба ман чунин таъсири сахт дошта бошад, – посух дод Анӯшервон.
– Фаҳмо, боке нест, ин чиз табиист, зеро чунин посухат бори дигар маро ба ҳақ будани фарзияам оид ба таъсири бузурги экранҳо пурзӯртар намуд. Акнун маро бодиққат гӯш кун, он чизе ки ба ту мегӯям, дар асоси мушоҳидаҳо ва таҷрибаҳои шахсиам асоснок шудааст, зеро илм бо таҷриба бояд мустаҳкам карда шавад. Агар диққат дода бошӣ, ман қаламу дафтар дар даст, чизеро ҳисоб кардаю менавиштам. Муддати тақрибан ним соати гаштугазорам дар ин кӯча, беш аз 100 лавҳаҳои таблиғро ҳисоб карда баромадам, ана бин дафтара, – гӯён дафтарро ба самти ҳамсуҳбаташ дароз кард усто.

пешина
аз 161
навбатӣ