ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
Ва ниҳоят, дар адабиёти муъосири Эрон низ як нафарро бо ин тахаллус дучор омадан мумкин аст, ки ному тахаллусу нисбааш Эраҷ Бедили Бахтиёрӣ мебошад. Бедили Бахтиёрӣ дар соли 1307 шамсӣ (1928 милодӣ) дар Бахтиёрия ном мавзеъи назди Исфаҳон ба дунё омада, дар шаҳри Исфаҳон ба камол расидааст. Ӯ аз ҷумлаи шоирони намоёни Исфаҳон будааст. Холмуҳаммади Хаста дар рисолаи зикршудаи «Мунтахабуззамон» байтеро аз ин шоир овардааст, ки нақл мешавад:
Бар сари захми дили хастаи Бедил он шӯх
Чӣ намакҳо, ки ба захми намакин мерезад.
Тазкиранависон илова бар адибони номбаршуда боз аз Бедилҳои дигари дар Эрон зиста ёд кардаанд, ки доир ба онҳо бидуни ному тахаллусу нисба маълумоти дигаре дастрас нашуд.
Яке аз онҳо Аббосқулихон Бедили Қоҷор аст, ки ба қавли муаллифи «Таърихи тазкираҳои форсӣ» Аҳмад Гулчини Маъонӣ, дар асри XIX зиндагӣ мекардааст.
Дар муҳити адабии Мовароуннаҳри асрҳои XVIII-XX шоири намоён ва саҳмдоре, ки бо тахаллуси «Бедил» шеър гуфта бошад, дида намешавад. Иллати ин амр, зоҳиран, ба нуфуз ва шӯҳрати зиёди Мирзо Абдулқодири Бедил дар доираҳои адабии ин сарзамин алоқаманд аст.
Вале, шояд, аз рӯи ихлос ва эҳтироми зиёд нисбат ба Мирзо Бедил бошад, ки дар ин ҷо низ чанд тан бо ин тахаллус арзи ҳастӣ намудаанд. Чунончи, муаллифи мақолаи «Султонхони Адо ва шахсияти ӯ» Сайидумар Султон аз шоире бо номи Абдулкарими Бедил ном бурдааст, ки дар доираи адабии Истаравшани асри XVIII фаъолият доштааст. (Ниг.: Садои шарқ, 1983, №2). Ҳамчунин котиби яке аз нусхаҳои хаттии девони Мирзо Бедил, ки дар соли 1283 ҳиҷрӣ (1886-1887 милодӣ) китобат шудаасту дар китобхонаи Донишгоҳи Самарқанд маҳфуз аст, ному номи падар ва тахаллуси худро дар шакли Мулломуҳаммад ибни Муллоавази Бедил зикр кардааст. (Ниг.: Список восточных рукописей библиотеки Самаркандского Университета, Самарканд 1977).
Ва ниҳоят, шайх Абдулқодир Кароматуллоҳи Саббоқ дар тазкираи «Армуғони Саббоқ»
(Тазкираи адабиёти муҳоҷарати собиқ Аморати Бухоро дар асри XX. Нашршуда дар Мадинаи мунаввара, 1990) дар хусуси шоирае бо ному тахаллуси Шарифабибии Оҷиз маълумот дода, илова кардааст, ки падари ӯ домулло Муҳаммадамини Хуҷандӣ маъруф ба Домуллои Бедил, низ шоир буд. Соҳиби тазкира валодати Шарифабибии Оҷизро 1901 милодӣ ба қалам додааст. Дар ин асос тахмин намудан мумкин аст, ки Домуллои Бедил дар охирҳои асри XIX ва нимаи аввали асри XX зиндагӣ ва эҷод намудааст. (Дар ин бора ниг.
ҳафтаномаи «Сипеҳр» Душанбе, 2001, №).
Табиъист, ки шоирони бедилтахаллусро дар доираҳои адабии форсизабони асрҳои мазкури Афғонистон низ дида наметавонем. Ин факт ҳам ба нуфузи қобили мулоҳизаи Мирзо Бедил дар ин кишвар вобаста аст.
Аз шоирони бедилтахаллусе, ки равшан намудани замони зиндагиашон ба мо муяссар нагардид, ду нафар – Бедили Соваҷии Ҳиравӣ ва Бедили Балхиро ном бурдан мумкин аст.
Соҳиби тазкираи «Ништари ишқ» Ҳусайнқулихон Ошиқи Азимободӣ дар хусуси Бедили Соваҷии Ҳиравӣ сухан ронда, дар Ҳирот ба касби хайётӣ шуғл доштан ва дар шоирӣ соҳиби талошу тарзи хос будани ӯро гӯшзад намуда, байти зеринро зодаи табъи ӯ донистаст:
Равам ба боғу зи наргис ду дида вом кунам, Ки то наззораи он сарви хушхиром кунам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё