ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
Бо шаҳодати муаллифи мазкур, шоир дар авоили табъозмоӣ «Афсар» тахаллус мекардааст. Баъди ба доми ишқи маҳваше гирифтор шудан тахаллуси худро ба «Бедил»
табдил додааст.
Муаллифи «Ҳадиқатушшуъаро» чанд байти як таркиббанди ӯро иқтибос кардааст, ки мо низ онҳоро дар инҷо нақл менамоем:
Эй боғи рухи ту гулшани дил,
В-эй зулфи ту гашта маскани дил.
Туркест камонбадаст чашмат,
Биншаставу гашта раҳзани дил.
Мижгони ту гашта офати ҷон,
Абрӯи ту гашта душмани дил.
Аз як назарам ба рӯи хубат
Якбора бисӯхт хирмани дил.
Шояд, ки ба роҳи дӯст резам
Сад ришта гуҳар зи махзани дил.
То дар талаби ту ман намирам,
Аз меҳри рухи ту дил нагирам.
Эй дил зи ғами ту зору афгор,
Якдам дили дӯстон нигаҳ дор.
Ин шева зи дӯстӣ набошад,
Ту хуфтаву ман зи дард бедор.
На аҳди ту маҳкам аст бо мо,
На ғайри ҷафо туро бувад кор.
Охир зи чӣ ин ҷафову бедод?
Охир зи чӣ ин азобу озор?
Гар дил талабӣ, зи зулфи худ ҷӯй,
В-ар ҷон хоҳӣ, кунем исор.
Охир на манам асири бандат,
Саргаштаву зор дар камандат.
Тазкиранависони эронӣ аз ду шоири бедилтахаллуси яздинисба низ ёд кардаанд, ки ҳарду ҳам дар асри XIX мезистаанд. Яке аз онҳо Аҳмадхон Бедили Яздист, ки писари ҳокими онвақтаи Язд Муҳаммадтақихон будааст. Ба қавли Мирзоаҳмади Девонбегӣ, Аҳмадхони Бедил марди кӯчакдили меҳрубон ва хушаҳволу хушахлоқ будааст ва бештари авқот бо тоъату ибодат ва тарки маъсият ба сар мебурдааст. Мирзоаҳмади Девонбегӣ дар «Хадиқатушшуъаро» аз ашъори ин шоир се байтро дарӣ намудааст, ки мо низ онҳоро иқтибос менамоем:
Ҳамчу Бедил зи зару сими ҷаҳон чашм бипӯш, Ҷоми заррин зи кафи симбарон моро бас.
Зоҳиди шаҳр агар лаззати риндӣ донад,
Ҳамаи умр бувад хидмати риндон кораш.
Ба таъна гуфт, ки Бедил ба роҳи ишқ чӣ кардӣ?
Ба ғайри сабр, ки натвон, дигар чӣ кор накардам?
Шоири дигаре, ки дар тазкирҳои асри XIX бо тахаллуси «Бедил»-у нисбаи «Яздӣ» зикр гардидааст, оқо Зайнулобидини Бедил аст. Ба қавли муаллифони тазкираҳо, гузаштагони ин шоир дар Язд машғули тиҷорат ва зироъат будаанд. Худи ӯ ҳам ба ҳар дуи ин касбҳо машғулӣ доштааст. Вафоти ӯ дар байни солҳои 1257-1258 ҳиҷрӣ (1841-1843 милодӣ) дар Язд иттифоқ афтодааст.
Аз намунаи ашъори ӯ се байт дастрас аст, ки нақл карда мешаванд:
Сиришт он кас ки хокатро ҳаме рӯзи азал, Бедил, Махӯр ғам, оқибат ҳам аз гилат паймона месозад.
Эй хоҷа, дусад банда касе гар кунад озод, Ин аҷр надорад, ки ту озод накардӣ.
Ҳарчанд, Бедил, аз май донам, ки тавба кардӣ, Аммо зи дасти соқӣ саҳл аст бори дигар.
Дар «Тазкираи Ахтар»-и Аҳмадбек Ахтари гурҷӣ ва «Маҷмаъулфусаҳо»-и Ризоқулихони Ҳидоят аз шоири дигаре бо номи Муҳаммадаминбек Бедили Нишопурӣ ёд шудааст, ки чун шоирони мазкур дар асри XIX зиндагӣ мекардааст. Ризоқулихони Ҳидоят ӯро аз наҷибони шаҳри Нишопур гуфта, байти зеринро зодаи табъи ӯ донистааст:
Баровард аз ниҳодам дуд шамъе,
Надонам, к-аз кадомин дудмон буд?
Дар маҷмӯъаи «Гулзори адаб» (Теҳрон, 1319), ки Ҳусайни Макӣ ном шахс мураттаб кардааст, байти дигаре аз ин шоир дарӣ гардидааст, ки ин аст:
Дил тангу даст тангу ҷаҳон тангу кор танг, Аз чор сӯ гирифта маро рӯзгор танг.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё