Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Муаллифи «Қомусулаълом»-и туркӣ низ аз ин шоир ном бурда, байти мазкурро моли ӯ шуморидааст.
Аммо баъзеи муаллифон аз ҷумла Алишери Навоӣ ва Шералихони Лудӣ, байти болоро ба шоираи асри XV Бедилии Ҳиравӣ нисбат додаанд.
Байти мазкур, шояд, ба шоира Бедилии Ҳиравӣ тааллуқ дошта бошад. Зеро яке аз онҳое, ки ин маъниро зикр кардааст, муъосири шоираи мазкур Алишери Навоист. Вале ин факт мавҷудияти Бедили Соваҷии Ҳиравиро инкор намекунад. Зеро Ҳусайнқулихони Ошиқ дар баробари зикри тахаллусу нисба ва ҷои иқомат, ба касбу пешаи ӯ низ ишора кардааст, ки ба мушаххасоти аҳволи шоираи мазкур наздикӣ надорад. Ҳусайнқулихони Ошиқ навиштааст:
«Бедили Соваҷӣ шоире буд рангинталош ва каломаш ҳама тан дилхарош. Ба шаҳри Ҳирот аз касби хайётӣ авқот мекард. Ҷомаи мавзуният бар қомати табъи худ дӯхта буд ва ганҷинаи суханварӣ дар ки саи хаёл андӯхта, соҳиби талоши тоза буд. Чун рағбати хотир ба маҳбубони маҳваш дошт, лиҳозо ба ин муносибат аксар рояти истиқомат ба будкадаҳо меафрохт».
Муаллифи «Ништари ишқ» дар зикри Бедили Балхӣ ба ғайр аз байти «Мебарад ҳар кас ба пеши ёр аз ҷон тӯҳфае, Мо тиҳидастони бедил шармсорӣ мебарем» чизи дигаре нагуфтааст.
Ҳамин байт бо андаке тағйир дар асари Мирҳусайн Дӯсти Санбаҳлӣ «Тазкираи Ҳусайнӣ»
(1750) ба мулло Бедили Кирмониён ном шоир нисбат дода шудааст, ки ин шоир ва Бедили Балхӣ, зоҳиран як шахсанд.
Муаллифи «Шамъи анҷуман» (1292(1875-76) Муҳаммадсидиқи Ҳасанхон низ байти мазкурро ба номи Бедили Балхӣ овардааст.
Холмуҳаммади Хаста дар рисолаи мазкури худ навиштааст, «ки ин шеър (яъне байти «Мебарад ҳар кас ба пеши ёр» - Б.Р.) аз Мирзо Абдулқодири Бедил аст, дониста нашуд, ки соҳиби «Шамъи анҷуман» ба кадом санад Бедили Балхӣ гуфта». Ва баъдтар илова кардааст, ки «ҳамин шеърро соҳиби «Сафинаи Ҳиндӣ» низ дар тазкира ба номи Мирзо Бедил гирифта».
Воқеъан, муаллифи «Сафинаи Ҳиндӣ» (Патна, 1958). Бҳагвандоси Ҳиндӣ байти мазкурро ба Мирзо Бедил нисбат додааст. Вале, ба фикри мо, ӯ дар ин маврид ба иштибоҳ роҳ додааст.
Аввалан, ин байт дар куллиёти Мирзо Бедил ба назар намерасад. Гузашта аз ин, калимаи «бедил» дар ин ҷо (мо тиҳидастони бедил) ишора ба тахаллус нест, ин калима дар ин байт ба маънои оҷизу нотавон аст.
Дар баъзе тазкираҳо, аз ҷумла дар «Тазкираи Ҳусайнӣ» мисраъи дуввуми ин байт дар шакли «Мо ба Ҳиндустон, Бедил, шармсорӣ мебарем», омадааст. Лекин варианти аввали он, яъне «Мо тиҳидастони бедил» саҳеҳ бояд бошад.
Гуфтан лозим аст, ки дар иддае аз таълифоти илмиву адабии дар Эрону Афғонистон ба табъ расида, аз ҷумла дар маҷмӯъае бо номи «Сафинаи Фаррух» (ҷилди 2, Машҳад. 1346), рисолаи устод Халилӣ «Файзи қудс» (Кобул 1334), мақолаи Муҳаммад Довуди Ҳусайнӣ «Маъхази ҷадид дар мавзӯъи мазори Мирзо Бедил» (маҷаллаи «Ориёно, 1333», №11) аз шоире бо номи Бедили Кобулӣ низ ёд шудааст.
Дар баъзе таълифоти дигар ин шоирро бо номи Қозӣ Бедил сабт намудаанд.
Мурод аз Қозӣ Бедил ва Бедили Кобулӣ шоирест бо исми Қозӣ Мирҳусайн ибни қозӣ Фатҳуллоҳхон мутахаллис ба Ибни Қозӣ, ки аз шоирони соҳибдевони асри XIX-и Афғонистон аст. Девони ашъораш, ки тахминан се ҳазор байт дорад, бо фармоиши Ҳоҷӣ Абдулхолиқ ва саъю кӯшиши Мирзо Ғуломҳайдар ном шахсон дар соли 1333 қамарӣ (1915 милодӣ) дар Лоҳур ба табъ расидааст. Вале ин шоир дар ҳеҷ ҷои ашъораш тахаллуси худро «Бедил» нагуфтааст. Дар девони ӯ бо ин тахаллус ягон шеър ҳам ба назар намерасад. Дар тамоми ашъораш ду тахаллус дорад: Ибни Қозӣ ва Қозӣ. Яъне ин шоир замоне ба шеъргӯӣ шӯрӯъ кардааст, ки писари қозӣ будааст. Ва дар ин айёми шеъргӯияш «Ибни Қозӣ» тахаллус мекардааст. Вале вақте ки худи ӯ қозӣ шудааст, дар баробари тахаллуси аввал бо тахаллуси «Қозӣ» низ шеър гуфтааст. Тахаллуси «Бедил»-ро ба ин шоир, зоҳиран, ноширони девони ӯ насб намудаанд. Зеро девони ӯ бо номи «Девони Қозӣ Бедил» ба табъ расидааст. Ба ин коркори ба Мирҳусайн ибни Қозӣ нисбат додани тахаллуси «Бедил» чӣ сабаб шудааст? Ба ин савол муаллифи мақолаи «Изҳори назар дар мавриди оромгоҳи Бедил» (Ориёно, 1333, №12) Муҳаммад Иброҳими Халил ҷавоби дақиқе додааст. Ӯ навиштааст: «Чизе, ки кӯтоҳфикронро ба ин иштибоҳ оварда, ғазали аввали девони ӯст. Дар он ҷо Ибни Қозии бедил омада ва мисли ин дар дигар ҷо «Қозии гадо» ҳам омадаст. Магар «бедил» ё «гадо» тахаллуси ӯ нест.

пешина
аз 250
навбатӣ