Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

«Комде ва Мудан» аз ҷумлаи ҳикоятҳои тамсилии маснавии «Ирфон» аст, ки маншаъи ҳиндӣ доштани он ҳанӯз дар адабиёти илмии солҳои чиҳилуми асри бист зикр гардида буд (ниг. А. Мирзоев, Сайидо ва мақоми ӯ дар таърихи адабиёти тоҷик, Сталинобод, 1947, саҳ.
36). Ва чунон ки аз тадқиқотҳои солҳои баъдина маълум шуд, асли ин достон ба забони санскрит буда, дар адабиёти қадими ҳинд бо номи «Мадхаванал ва Камокандала» шӯҳрат доштааст (ниг. Даҳён Оҳуҷа, Маснавии «Мадхаванал ва Камокандала»- маҷаллаи «Сухан», (1344 №5).
Ин асар дар асрҳои баъдина низ борҳо мавриди тарҷимаву таҳрирҳои нав қарор гирифтааст. Аз ҷумла онро Ганапатӣ ном шоир дар соли 1528 ба забони гуҷаротӣ, Шайхи Олам ном шахс дар соли 1583 ба забони ҳиндӣ ва муаллифи номаълуме дар соли 1559 ба забони роҷистонӣ ба риштаи назм кашидаанд.
Аввалин таҳрири форсӣ-тоҷикии ин қисса «Маҳзи эъҷоз» ном маснавии шоири асри XVII Ҳиндустон Ҳақирист, ки дар соли 1684 иншо шудааст. «Комде ва Мудан»-и Мирзо Абдулқодири Бедил дуввумин таҳрири форсӣ –тоҷикии он аст, ки дар навбати худ асоси таҳрири саввумаш – «Комде ва Мудан»-и Ҳоҷӣ Ҳусайни Хатлонӣ (1868-1917) гардидааст.
Тавре ки гуфта шуд, ҳикоятҳои тамсилие, ки дар асоси сужетҳои маълум таҳрир шудаанд, дар эҷодиёти Бедил, хусусан, дар ду асари калонҳаҷми ӯ «Ирфон»ва «Муҳити аъзам»
зиёданд ва таъйини маъхазҳои ҳамаи онҳо вақти зиёдеро тақозо менамояд. Дар ин ҷо танҳо доир ба маъхази як ҳикояти ӯ, ки дар маснавии «Муҳити аъзам» мундариӣ аст, баъзе мулоҳаза ва тахминҳоро иброз медорем. Хотирнишон менамоем, ки ду нафар аз муҳаққиқони Бедил – Александр Баузани ва Нурулҳасани Ансорӣ қаблан дар хусуси ин ҳикоят изҳори назар кардаанд. Баузанӣ дар мақолаи «Назариёти як урупоӣ дар бораи Бедил»
дар иддае аз адабиёти дунё мавҷуд будани ин қабил ҳикоятҳоро қайд карда, дар айни ҳол фарқияти анҷоми онро аз дигар ҳикоятҳо гӯшзад намудааст (ниг. Маҷаллаи «Адаб», Кобул, 1965, № 4).
Ансорӣ дар китоби «Баҳсе дар аҳвол ва осори Бедил» (Кобул, 1363) дар асоси достонҳои ниммазҳаби ҳиндӣ таълиф шудани ҳикояро зикр карда бошад ҳам, маъхази онро сареҳан нишон надодааст.
Ин ҳикоят, чунон ки гуфтем, дар боби шашуми маснавии «Муҳити аъзам», ки «Базми найранги асарҳои хаёл» ном дорад, дар фасли «Кайфияти дил» ҳамчун мисоле аз найранг ва ҳунарҳои дил дарӣ гардидааст, ки мазмуни мухтасараш чунин аст:
Дар иқлими Ҳиндустон шоҳи одил ва хирадманде буд. Ӯ боре арбоби илму ҳунарро ба дарбор даъват намуда, аз онҳо хоҳиш кард, ки ҳар кадоме ҳунари хешро нишон диҳад. Аз ҷумлаи ҳозирон шахсе як аспи чӯбинро ба подшоҳ тақдим кард. Подшоҳ баробари ба даст гирифтани асп ғарқи хаёлот шуда, худро савори он асп дид ва бар ҳаво бархост. Ӯ бо тарсу бими зиёд чанд рӯз бар ҳаво парвоз намуда, оқибат ба гӯшаи биёбоне афтод. Баъди чанд рӯз дар он биёбон духтаре пайдо шуд, ки дар даст таъом дошт. Шоҳ аз ӯ таъом талабид. Духтар гуфт, ки сокинони ин ҷо канносанд ва ғизояшон барои қавмҳои дигар ҳаром аст. Агар ҷавон аз ӯ таъом мехоста бошад, бояд, ки шавҳари ӯ шавад. Шоҳ ба ин таклиф розӣ шуд ва ҳамроҳи духтар ба манзили онҳо рафт. Ӯ дар он ҷо даҳ сол иқомат карда, соҳиби даҳ фарзанд шуд. Иттифоқан, дар он диёр қаҳтӣ ба миён омада, боиси парокандагии сокинони он гардид.

пешина
аз 250
навбатӣ