Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Яке - дар асоси сужетҳои маълум офаридани асарҳои нав, ки бо хусусият ва характери таҳрир такрори сужетҳои собиқа набуда, мутобиқи шароиту талаботи давр ва мафкураву ҷаҳонбинии муаллифон илова ва такмилҳои зарурӣ пазируфта, ба дараҷаи таснифоти оригиналӣ расидаанд. Ба ин типи асарҳо «Вомиқу Узро»-и Унсурии Балхӣ (асри XI), «Вису Ромин»-и Фахриддини Гургонӣ (асри XI), «Лайлию Маҷнун»-и Низомии Ганҷавӣ (1141- 1203), «Ҳумой ва Ҳумоюн»-и Хоҷуи Кирмонӣ (1281-1352), «Гулу Наврӯз»-и Ҷалоли Табиб (асри XIV), «Дилрабо»-и Котибии Туршезӣ (вафоташ соли 1436), «Юсуф ва Зулайхо»-и Абдураҳмони Ҷомӣ (1414-1492), «Нал ва Даман»-и Файзии Даканӣ (1547-1595), «Толибу Матлуб»-и Фитрати Зардӯз (1657- ибтидои асри XVIII), «Ром ва Сито»-и Масеҳои Понипатӣ (асри XVII), «Меҳру Моҳ» ва «Шамъу Парвона»-и Оқилхони Розӣ (ваф. 1698) ва ғайра мисол шуда метавонанд.
Роҳи дуюм – истифодаи сужетҳо барои тасдиқ ва тақвияти фикр. Дар ин маврид сужети тайёр бунёди асари навро ташкил надода, балки як ҷузъи таркибии он аст, ки барои таъкиди ақидаи муайяне хидмат мекунад. Ҳикоятҳои тамсилии «Ҳадиқатулҳақоиқ»-и Саноии Ғазнавӣ (вафоташ 1140-1150), «Мантиқуттайр»-и Фаридуддини Аттор (1145-1220), «Маснавӣ»-и Ҷалолуддини Румӣ (1207-1274), «Матлаъунанвор»-и Хусрави Деҳлавӣ (1253-1325), «Баҳрому Беҳрӯз»-и Камолиддини Биноӣ (1453-1512), «Сифоттулошиқин»-и Бадриддини Ҳилолӣ (1470-1529) аз ҷумлаи ҳамин гуна сужетҳо мебошанд.
Истифодаи сужетҳои тайёрро дар эҷодиёти Мирзо Абдулқодири Бедил (1644-1720) низ дидан мумкин аст. Дар осори ӯ, асосан, тарзи дуюми ин ҳодисаро мушоҳада мекунем. Ӯ ба мақсади тасдиқ, тақвият ва баёни ақидаҳои сиёсиву иҷтимоӣ, фалсафию ахлоқӣ, ишқиву ирфонӣ ва ғайра қиссаву ривоятҳои мифологӣ, диниву мазҳабӣ, ҳикоя ва латифаҳои халқӣ, эпизодҳои гуногуни таърихию афсонавиро истифода карда, ғоя ва мазмуни онҳоро ба андешаву мақсадҳои худ мутобиқ кунонидааст. Ин қабил ҳикояҳо дар таҳрири шоир рӯҳ ва ҷилои тоза пазируфта, баъзеи онҳо ба дараҷаи асарҳои мустақили оригиналӣ расидаанд.
Равшан кардани маъхазҳои ин қабил ҳикояҳо дар тадқиқи мероси адабии шоир, тавзеҳи муносибати ӯ ба таъриху адаби халқҳои гуногун ва робитаи эҷодиаш ба осори суханварони дигар аҳамияти калон дорад. Эътибор надодан ба ин масъала боиси иштибоҳ ва каҷфаҳмиҳо дар омӯзиши осори шоир мегардад. Чунончи, ба назар нагирифтани маъхази аслии достони «Комде ва Мудан» сабаб шуд, ки муҳаққиқ Зайнал Ризоев дар таҳлили он ба саҳву хатоҳои ҷиддӣ роҳ диҳад. Ӯ дар таҳлили ин асар усули тамоман ғайриилмиро пеш гирифта, мазмун ва ғояи онро тасвири маҷлиси риндон ва ихтилофи назари гурӯҳҳои алоҳидаи пантеистон қаламдод карда, корро ба ҷое расонид, ки қаҳрамонони достон Мудан ва подшоҳи вайро образҳои шоирони асри XVII Бобораҳими Машраб ва Сайид Қассоби Кошонӣ донист (ниг.
З. Ризоев, Индийский стиль в поэзии на фарси конца XVI-XVII в. в., Ташкент, «Фан», 1977, стр. 186-190).
Табиист, ки ин гуна таҳлил дар байни муҳаққиқон ҳамовозӣ пайдо накарда, ба танқиди шадиди мутахассисон дучор гардил (ниг. Л. Климович, Поэзия Бедиля – Бедил. Комде и Мадан. М. 1975 стр. 21).

пешина
аз 250
навбатӣ