Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз ҷумла, аҳли оилаи шоҳ низ тарки ватан намуда, аз пайи дарёфти нон шуданд. Лекин чизе пайдо накарда, маслиҳат дар он диданд, ки оташе афрӯхта худҳоро бисӯзонанд, то ки аз азоби гуруснагӣ халос шаванд. Дар навбати аввал худи шоҳ дохили оташ шуд. Ӯ ба оташ дохил шудан замон худро дар дарбор, дар ҳалқаи донишмандону ҳунарварон дид, ки ба ғайр аз соҳиби асп ҳама дар ҷойҳои худ буданд. Шоҳ аз ин ҳодиса дар шигифт афтод… Ёди он диёр ва зану фарзандон оромаш намегузошт. Ӯ ба мақсади аз ин ҳолат раҳоӣ ёфтан ба шикор машғул шуд. Рӯзе пеш аз шикор аз ҳамроҳон ҷудо шуда, ба самте асп ронд ва ҳамон диёри канносонро, ки хаёлан даҳ сол дар он зиндагӣ карда буд, дида, дар ҳайрат афтод. Ба хонаи худ рафта, ҷамъеро дар либоси мотам дарёфт. Сабаб пурсид, гуфтанд, ки чанде пеш ҷавоне ба ин макон омада, ба онҳо домод ва соҳиби фарзандони зиёде шуда буд. Бо сабаби қаҳтие ҳамаи онҳо тарки ватан карда буданд. Имрӯз, ки ба манзилҳои хеш баргаштаанд, аз он ҷавон ва аҳли оилааш дарак нест. Бо шунидани ин суханон тааҷҷуби шоҳ бештар шуд ва ба дарбори худ рафта, тамоми воқеотро ба паямбари аср изҳор намуд. Паямбар гуфт, ки ҳамаи ин ҳодисот кори дил, асари ҳунар ва найрангҳои он аст:
Ба рӯят дари роз во кардаанд,
Ба рамзи худат ошно кардаанд.
Дар он дам, ки шавқат зи аҳли ҳунар
Талаб кард илми фиреби назар,
Тақозои найранги дил ҷӯш дошт,
Гули роз тамҳиди оғӯш дошт.
Бурун рехт дил ҳам асарҳои хеш,
Ба хунат нишонд аз ҳунарҳои хеш.
Фусунгар набуд он фиребофарин,
Дил ангехт гарди ҳидояткамин.
Дилат сурату маънии олам аст,
Вагарна вуҷуду адам мубҳам аст…
Ҳамин гуна як ҳикоятро дар китоби адиби муъосири Ҳиндустон Р. К. Нарайан «Боги, демоны и другие» (М. 1975), ки дар асоси асотири қадими ҳиндӣ таълиф шудааст, низ дидан мумкин аст. Ин ҳикоят «Лавана» ном дорад ва тибқи шаҳодати муаллиф, таҳрири нави яке аз ҳикоёти китоби қадими ҳиндуҳо «Йогавасиштҳа» мебошад, ки мазмуни мухтасараш ба қарори зайл аст:
Дар мамлакати Уттар Пандава шоҳе буд, ки Лавана ном дошт. Ӯ ҳар рӯз бо аҳли дарбор ва меҳмонони худ сӯҳбат меорост. Рӯзе дар боргоҳ мардеро дид ва шахсияти ӯро аз ҳозирон пурсид. Гуфтанд, ки ҷодугар аст ва ҳунари хеш намоиш додан мехоҳад. Лаван пурсид:
Ҳунараш чист ва бо кадом восита онро нишон доданист? Ҷодугар ба сӯи чашмони худ ишора кард. Шоҳ ба чашмони ӯ назар карду ба хаёл фурӯ рафт ва худро дар даште дид, ки аспе дар он ҷо чаро мекард. Ӯ бо заҳмати зиёде ба он асп савор шуд ва ба ҳаво бархоста, дар парвоз даромад. Пас аз муддате аз асп раҳо шуда, худро бар дарахте гирифт, ки дар болои он маймуне бо бачаҳояш машғули бозӣ буд. Ӯ аз дарахт ба замин афтод ва чанд муддат гуруснагӣ кашид. Боре сар аз замин бардошта, духтареро дар назди худ дид, ки дар дасташ таъом дошт. Лаван аз ӯ таъом хост. Духтар гуфт, ки ӯ каннос аст ва хӯрокаш барои қавмҳои дигар ҳаром мебошад. Вақте ба вай таъом медиҳад, ки ӯро ба занӣ бигирад. Лавана ба ин шарт розӣ шуд. Онҳо ба назди падари духтар рафта, иҷозати никоҳ гирифтанд. Лавана вақти зиёде дар макони канносон зиста, чаҳор фарзанд ёфт. Дар он диёр қаҳтие рух дода, сабаби муҳоҷирати сокинони он гардид. Лавана низ тарки манзил намуда, аз пайи дарёфти ғизо шуд. Се фарзанди калонӣ аз ӯ ҷудо гашта, аз пайи рӯзии худ шуданд. Лавана бо зану фарзанди хурдӣ кӯҳу дашти зиёдеро тай карда, чизе ёфта натавонист ва қарор дод, ки худро сӯзонда, хӯроки зану фарзанд созад. Бо ҳамин ният оташе афрӯхта, дохили он шуд. Вале аз оташ осебе надида, худро дар назди дарбориён ва меҳмонон дид, ки ба ғайр аз ҷодугар ҳама ҳозир буданд.

пешина
аз 250
навбатӣ