ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
Чунон ки дида мешавад, дар баробари монандии умумии мазмуни ҳикояти Нарайан бо мазмуни қисми аввали ҳикояти Бедил дар байни онҳо баъзе тафовутҳо низ дида мешавад.
Бар хилофи ҳикояти Бедил, дар ҳикояти Нарайан номи мамлакат ва номи ҳокими он зикр ёфта, сӯҳбат оростани Лавана бо меҳмонон ва аҳли дарбор одати доимии ӯ қаламдод шудааст. Дар ҳоле ки бор додан ва бо аҳли илму ҳунар маҷлис оростани қаҳрамони Бедил ҳодисаи ҷудогона аст. Дар ҳикояти Нарайан воситаи ҳунарнамоии ҷодугар чашмони худи ӯянд, на аспи чӯбин. Василаи парвози ӯ низ аспи ҳақиқист, ки бо машаққати зиёд ба он савор шудааст. Дар сурате ки қаҳрамони ҳикояти Бедил бе ҳеҷ мамоният худро савори аспи чӯбин дида буд. Инчунин лаҳзаҳои бар дарахт нишастану маймунро дидани Лавана, падари духтару иҷозат хостани онҳо аз ӯ дар ҳикояти Бедил дида намешаванд. Қаҳрамони ҳикояти Бедил ҳамагӣ даҳ сол дар диёри канносон зиста, соҳиби даҳ фарзанд шуда бошад, мӯҳлати зисти Лавана дар он ҷой ҳафтод солу фарзандонаш чор нафаранд. Аз онҳо низ танҳо фарзанди хурдӣ ҳамроҳи падару модар монда, дигарон аз пайи рӯзии худ шудаанд. Ва ниҳоят, шоҳи Бедил ба мақсади раҳоӣ аз гуруснагӣ рӯ ба худкушӣ ниҳода бошад, мақсади Лавана аз ин кор аз марг наҷот додани зану фарзанд аст.
Лекин бо вуҷуди ин фарқиятҳо, ки дар муқобили мазмунҳои умумии ҳикоятҳо лаҳзаҳои ҷузъиянду ҳангоми ба таҳрири нав даромадани ин ё он сужет ба амал омаданашон амри табиъист, хатҳои асосии сужети ҳикояти Нарайан ва сужети бахши аввали ҳикояти Бедил якхелаанд. Айнияти лаҳзаҳои асосӣ – сӯҳбат оростани шоҳ, пайдо шудан ва ҳунарнамоӣ кардани ҷодугар, ба хаёл рафтану савори асп шудан, ба ҳаво парвоз кардан, дар биёбон бо канносдухтар вохӯрдану аз ӯ таъом хостани шоҳ, шарт гузоштани духтар, ҳамсар шудану фарзанд ёфтан, дар асари қаҳтӣ тарки ватан намудан, аз пайи ғизо шуда, чизе пайдо накардани онҳо, оташ афрӯхтану дохили он шудан, бедор шуда худро дар дарбори худ дидани шоҳ ва ниҳоят ғайб задани ҷодугар аз байни ҳозирон – ҳама далели онанд, ки маъхази ҳикояти Нарайан ва маъхази қисми аввали ҳикояти Бедил як асар –«Йогавасиштҳа»
мебошад.
Мутаассифона, дар хусуси муаллиф, замони таълиф ва сохту мундариҷаи «Йогавасиштҳа»
маълумоти аниқе дар даст надорем. Муҳаққиқи ҳиндӣ Ш. Чаухан дар китоби «Очерк истории литературы хинди» (М. 1960) доир ба тарҷумаи ҳиндии ин асар, ки дар соли 1732 бо номи «Бхашайогавасиштҳа» сурат гирифтааст, сухан ронда онро ба Васиштҳа ном шахси асотирӣ нисбат додаст ва мазмунашро таълимот дар бораи забон донистааст.
Аммо донишманди рус А. Я. Сиркин дар муқаддима бар китоби зикршудаи Нарайан ин асарро як ҷузъи илҳоқии «Рамаяна»-и Валмики дониста, замони таълифашро байни асрҳои VI-IX милодӣ тахмин кардааст.
Ба эътибори он, ки Нарайан аз «Йогавасиштҳа» ду ҳикоя-«Лавана» ва «Чудала»-ро ба таҳрири нав даровардааст, тахмин намудан мумкин аст, ки ин асар асари бисёрсужетаи шерозадор аст ва сужети мазкур яке аз ҳикоятҳои дохилии он мебошад.
Илова кардан лозим аст, ки «Йогавасиштҳа» дар асрҳои миёна низ ба чанде аз забонҳои нави Ҳиндустон, аз қабили ҳиндӣ, гуҷаротӣ, панҷобӣ ва малаялам борҳо тарҷима ва таҳрир шудааст (ниг. Ба маҷмӯаи «Масъалаҳои эроншиносӣ», Душанбе, 1999, саҳ. 35).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё