ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
Бино бар гуфтаи муаллифи «Адабиёти форсизабони Ҳинд» Ғ. Алиев, аз «Йогавасиштҳа»
ду таҳрири форсӣ-тоҷикӣ низ маълум аст, ки дар асрҳои XVI-XVII ба миён омадаанд. Аз ин рӯ, ҳукм кардан душвор аст, ки Бедил аз кадом вариант – асли санскрит ё аз ягон тарҷима ва таҳрири минбаъдаи он истифода кардааст.
Муҳаққиқи номбурда А. Я. Сиркин роҷеъ ба мундариҷаи китоби мазкури Нарайан таваққуф намуда, ҳикояти «Лавана»-ро ифодакунандаи масъалаи нисбияти эҳсоси замон қаламдод кардааст.
Дар мақолаи зикршудаи А. Баузини низ ҳикояти Бедил «рамзу символи нисбӣ будани замон» дониста шудааст.
Шояд ин сужет дар асл ҳамин масъала – масъалаи нисбияти эҳсоси замон ва маърифати табиати онро ифода намояд. Лекин таҳрири бедилии он дар маснавии «Муҳити аъзам»
вазифаи тамоман дигар дорад. Вай дар якҷоягӣ бо бахши дуввуми ҳикояти шоир характери тамсилӣ дошта, барои тасдиқ ва таъкиди иқтидор ва нерӯи дил, ки тибқи таълимоти тасаввуф, махзани асрори ҳақ ва маъбари тамоми ҳодисоти олам аст, хидмат намудааст.
Акнун саволе ба миён меояд, ки қисми дуввуми ҳикояти Бедил, ки дар ривояти (варианти) Нарайан дида намешавад, аз куҷост? Оё ҳикояти Бедил саропо аз «Йогавасиштҳа» нест, ки Нарайан танҳо як қисмашро аз нав таҳрир намудааст? Муқоисаи чанд ҳикояти дигари Нарайан бо маъхазҳояшон, ки дар китобҳои «Мифы древней Индии» (М. 1982) ва «Три великих сказания древный Индии» (М. 1987) дида мешаванд ин тахминро рад мекунанд.
Маълум мешавад, ки Нарайан аксари устураҳои ба таҳрири нав даровардашударо бе тағйири сужети асосӣ монондааст. Аз ин рӯ, гумони ғолиб бар он аст, ки ҳаҷми ҳикоят дар «Йогавасиштҳа» ҳамон аст, ки дар китоби Нарайан дарӣ гардидааст ва қисми дуввуми ҳикояти Бедил, ки қаҳрамонаш диёри хаёлиро воқеан дида, саргузашти худро аз забони мардуми он шунидааст, иловаи худи ӯст. Пас ӯ ин иловаро аз куҷо гирифтааст?
Гуфтан лозим аст, ки ин қабил ҳикоятҳо, яъне ҳикоятҳое, ки қаҳрамонони онҳо воқеоти хаёлан аз сар гузаронидаро дар зиндагии воқеӣ низ мебинанд, дар адабиётҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла дар адабиёти мардуми Ҳиндустон кам ба назар намерасанд. Ҳамин гуна як қиссаи ҳиндиро Бедил дар маснавии «Ирфон» ба унвони «Зикри он барҳамани толиби дид,
ки таносух заду каннос дамид» ба риштаи назм кашидааст. Мазмуни мухтасари қисса ин аст:
Бараҳмане бар лаби рӯде омада, аз пайи ғусл шуд. Сар бар об фурӯ бурдан замон худро дар хона, дар бистари беморӣ дид. Пас аз чанд вақт вафот кард ва тибқи ақидаи таносух, рӯҳи ӯ дар батни канносзане ҷой гирифт. Бараҳман аз он зан аз нав ба дунё омада, ба камол расид ва соҳиби зану фарзанд шуд. Баъд аз муддате занаш вафот кард. Вафоти зан боиси парешонӣ ва шӯридаҳолии вай гардид. Ӯ пас аз оворагии зиёд ба шаҳре расид, ки роҷаи он фавтида буд. Ӯ бо хоҳиши сокинони он шаҳр роҷаи онҳо шуд ва чанд муддат дар он ҷой иқомат кард. Рӯзе канносе аз қабилаи ба ӯ дарбораш омад ва бо ӯ тарҳи сӯҳбат орост. Аз мушоҳидаи ин манзара, яъне донистани он ки ӯ каннос будааст, ходимон ва муқаррабони дарбор ба ҳолати ногувор афтоданд ва бо мақсади пок шудан аз гуноҳ оташ афрӯхта, худҳоро сӯзонданд. Роҷа ба ин даҳшат тоб наёварда, дохили оташ шуд ва худро дар ҳомон рӯде дид, ки дар он ғусл менамуд. Баъд аз чанд рӯз як гурӯҳ бараҳманони раҳгузар меҳмони вай шуда, саргузашти хаёлии ӯро ба ӯ нақл намуданд. Яъне, ки бараҳманони шаҳри Ауд канносеро роҷаи худ интихоб кардаанду пас аз донистани аслу насабаш рӯ ба худкушӣ ниҳодаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё