ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
Дар адабиёти динии исломӣ низ ин гуна мазмунҳоро пайдо намудан мумкин аст. Масалан, дар «Нодирулмеъроӣ ва баҳруласрор» ном китоб, ки дар соли 1635 дар Ҳиндустон таълиф шудааст, ба ҳамин равиш як ривоят мавҷуд аст. Дар он гуфта шудааст, ки сӯфие дар Бағдод ба лаби дарёи Даҷла омада, ихтиёри ғусл кард. Баъди як бор ғӯтавар шудан дар об худро дар Миср, дар оби дарёи Нил дид. Марди заргаре ӯро ба хонааш бурда, ба домодӣ пазируфт ва ҳунари заргариро ба вай ёд дод. Сӯфӣ ба муддати сӣ сол дар Миср зиндагӣ карда, соҳиби ду писар шуд. Рӯзе барои ғусл ба лаби дарёи Нил омада, дохили он шуд. Пас аз як бор сар ба зери об бурдан худро дар шаҳри Бағдод, дар оби дарёи Даҷла дид. Баъди ба хона рафтан маълум шуд, ки ҳамаи ин хаёлот дар бадали ним соат ба амал омадаанд. Сӯфӣ ин ҳодисаро ба шайхи замон нақл намуд, шайх ба номи падарарӯси мисрии ӯ мактубе навишта, зану фарзандонашро ба Бағдод даъват намуд.
Умумияти барҷастае, ки байни ин ду ривоят ва ҳикояти Бедил ба назар мерасад, ин аст, ки қаҳрамонони ҳар сеи онҳо саргузаштҳои хаёлии худро дар зиндагии воқеӣ низ мебинанд ё аз забони дигарон мешунаванд. Инчунин дар байни лаҳзаҳои алоҳидаи онҳо низ баъзе монандиҳоро дидан мумкин аст. Масалан, қаҳрамони ҳикояти сӯфии заргар баъди аз сар гузаронидани воқеоти хаёлӣ барои рафъи тааҷҷуб ба шайхи замон муроҷиат карда, аз вай ҷавоби қаноатбахш гирифта бошад, қаҳрамони Бедил барои ҳамин гуна ҷавоб ба пайғамбари аср рӯй овардааст.
Лекин, бо вуҷуди ин умумиятҳо, ба ақидаи мо, бахши дуввуми ҳикояти Бедил аз ягон манбаъ нақл нашуда, балки дар зери таъсири ҳамин гуна мазмунҳо аз тарафи худи ӯ эҷод шудааст. Ба ин тахмин моро, пеш аз ҳама, як ишораи худи шоир ҳидоят менамояд. Ӯ ҳангоми таҳрири қисми аввали ҳикоят, ки бо лаҳзаи бедор шуда худро дар боргоҳ дидану аз ҷодугар асаре наёфтани шоҳ ба итмом мерасад, суханро бо таъбири «шунидам» оғоз кардааст:
Шунидам дар иқлими Ҳиндустон,
Ки хокаш бувад обрӯи ҷаҳон,
Шаҳе дошт аз афсари огаҳӣ
Ба сар нашъаи ҷоми зиллуллаҳӣ.
Вале қисми дуввуми онро эҷоди бевоситаи қалам дониста, гуфтааст:
Кунун хома сеҳри дигар медамад,
Шабе менигорад, саҳар медамад.
Ба ҳамин тариқ хулоса намудан мумкин аст, ки бахши аввали ҳикояти Бедил дар асоси яке аз сужетҳои «Йогавасиштҳа» таҳрир шуда, қисми дуввуми он маҳсули қалами худи шоир аст, ки дар якҷоягӣ барои таъйид ва таъкиди ақидаи суфиёнаи ӯ хидмат намудаанд.
ЯК АСАРИ РАМЗИИ БЕДИЛ
Мирзо Абдулқодири Бедил (1644-1720) аз ҷумлаи маъруфтарин шоирони форсизабон ба шумор рафта, дар муддати умри бобаракати хеш осори зиёди манзум ва мансурро ба ёдгор гузоштааст. Асарҳои асосии ӯ девони ашъор, маснавиҳои «Ирфон», «Муҳити аъзам», , «Тилисми ҳайрат», «Тури маърифат», осори насрии «Чорунсур», «Руқаъот» ва «Никот» ба мухлисони адабиёти классикӣ маълуманд. Бедил дар қатори асарҳои мазкур чанд маснавии кӯчаки дигар низ таълиф намудааст, ки на фақат хонандаи қаторӣ аз онҳо огоҳ нест, балки иддае аз муҳаққиқони соҳаи адабиёт низ ба мавзӯъ ва мундариҷаи онҳо ошноӣ надоранд. Ин асарҳо иборатанд аз маснавиҳои «Танбеҳулмуҳаввисин» (210 байт), «Сифати асп» (391 байт), «Сифати фил» (100 байт), «Сифати шамшер» (45 байт) ва «Сифати забону гуфтори маъшуқ»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё