Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

(7 байт). Маснавиҳои мазкур ҷузъе аз девони ашъори шоиранд ва дар аксари нусхаҳои хаттии девони комил ва мукаммалтарин нусхаи чопии кулиёти ӯ, ки дар Кобул ба табъ расидааст, мавҷуданд. Ба таъбири дигар гӯем, дар хусуси ба Бедил таъаллуқ доштани онҳо то кунун ҳеҷ шакку шубҳае ба миён наомадааст.
Инак роҷеъ ба мавзӯъ ва мундариҷаи яке аз ин асарҳо -- «Сифати асп» баъзе мушоҳада ва мулоҳазаҳоро иброз медорем.
Яке аз муҳаққиқоне, ки доир ба «Сифати асп» изҳори назар кардаанд, донишманди лоҳурӣ дуктур Абдуғанист. Ӯ дар рисолаи ҷомеи худ «Аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедил»
(Кобул, 1351) ин асар ва ду асари зикршудаи шоир «Сифати фил» ва «Сифати шамшер»-ро зери як унвон-«Маснавии тавсифӣ» аз назар гузаронида, дар хусуси мазмун ва мӯҳтавиёти онҳо чунин навиштааст: «Мақсади шоир васф намудан ва тарзи кори ин се чиз (асп, фил, ва шамшер – Б.Р.) буда, гарчи фаъолияти онҳо дар маърака низ зикр гардида, вале он чӣ шоир роҷеъ ба онҳо навиштааст, ғолибан, тасввурӣ ва мунҳасир ба хаёл аст» (саҳ. 327).
Абдулғанӣ дар асоси шабеҳияти мавзӯъ ва умумияти вазн се маснавии мазкурро «аҷзои мухталифи як шеър» ҳисобидааст, ки ба ин фикр наметавон ҳамроҳ шуд. Зеро ҳар кадоми ин асарҳо дорои предмети хоси тасвир ва оғозу анҷомҳои алоҳида буда, ғоя ва мавзӯъҳои ҷудогонаро ифода намудаанд ва дар нусхаҳои хаттӣ ва нашрҳои гуногуни кулиёти шоир низ чун асарҳои мустақил дар алоҳидагӣ дарҷ гардидаанд. Гузашта аз ин, «Сифати фил» ва «Сифати шамшер», воқеъан, дар таърифи фил ва шамшер эҷод шудаанд ва мақсади шоир нишон додани кор ва фаъолияти ҳамин предметҳо будааст. Лекин «Сифати асп» аз ин нигоҳ ба ду маснавии мазкур умумияте надорад. Таъриф ва тавсифи асп мазмуни зоҳирии ин асар буда, мавзӯи аслии он, чунон ки хоҳем дид, масъалаи тамоман дигар аст.
«Сифати асп» дар вазни мутақориби мусаддаси маҳзуф ва мақсур таълиф гардида, аз рӯи нашри кобулии куллиёти Бедил (ҷилди 2, Кобул, 1342) ва чанде аз нусхаҳои хаттии девони шоир, масалан нусхаи № 4 Институти забон ва Адабиёти АИ Тоҷикистон, 391 байтро дар бар кардааст. Мундариҷаи асарро шартан ба се қисмат-муқаддимаву хотима ва бахши асосӣ – тавсифи асп ҷудо кардан мумкин аст. Мазмуни асосии он аз таърифу тавсифи асп ва даҳону ва узвҳои ҷудогонаи пайкари он - сар, гардан, ёл, пешонӣ, чашм, гӯш, даҳону дандон, дум, мӯй, сум ва ғайра иборат мебошад. Дар асар ба тасвири хусусиёти феълии асп низ диққати ҷиддие дода шудааст. Шоир нозукиҳои ҳаракат, тарзи рафтор, лоқайдию саркашӣ, раму ором ва шитобу изтироби онро басе моҳирона ва дилчасп ба тасвир гирифта, онро бо тамоми зебоӣ ва ҷаззобияташ дар назар ҷилвагар сохтааст. Аз ҷумла шеҳаи тундарвор, нафаси оташин, садои суми гурзмонанд, шарори наъли барқангез ва дигар ҷузъиёти ҳаракат ва ҳолати аспро дар майдони ҷанг чунин ба қалам додаст:
Ба майдон даме, к-аз қиёматгарӣ
Шавад шеҳааш моили тундарӣ,
Диҳад ёд аз он раъди ғайратфусун
Ба мастони разм аз суруди ҷунун.
Адӯро дар андешаи он хурӯш
Шавад мағзи сар пунбаанбори гӯш.
Зи ёди садои сумаш, бегумон,
Гули шамъ гардад кулоҳи сарон.
Дами ӯ муҳарраф занад бодро,
Суми ӯ кунад сурма фӯлодро.

пешина
аз 250
навбатӣ