ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
Ба ҳамвории табъҳои дурушт
Зи ҳар по задан путку сандон ба мушт…
Шароре, ки гардад зи наълаш аён,
Хӯрад пунбазори димоғи сарон.
Ба дандон канад қалъаи кӯҳи Қоф,
Зи сум афканад дар дили санг ноф.
Зи овози он осиёи гарон
Димоғи дуруштон шавад сурмадон.
Бедил дар истифода аз воситаҳои тасвири бадеӣ, хоса ташбеҳ ва истиора, низ устодӣ ва маҳорати нотакрор нишон дода, предмети тасвиршавандаро басо воқеъӣ ва зиндаву аёнӣ намудор кардааст. Масалан, ҷое гардани аспро мавриди тасвир қарор дода, ҳолати аз узвҳои дигар болотар рафтану боз рӯ бар замин овардани онро ҳам ба абрӯи хубону моҳи нави осмон ва ҳам ба тарзи рафтори шахси гарданфарозу тавозӯъпеша монанд карда, дар таъкид ва тасдиқи ташбеҳи худ мисраъи машҳури Саъдӣ «Тавозӯъ зи гарданфарозон накӯст»-ро хеле бамаврид ва барҷой тазмин намудааст:
Бинозад баландӣ ба иқболи хеш,
Ки бо гарданаш ҳамсарӣ бурда ба пеш.
Хаме дорад ин гардан аз бартарӣ,
Ки гар ворасӣ, олами дигарӣ. . .
Аз он хам, ки мавзӯи ин пайкар аст,
Димоғи руъунат тавозӯъгар аст.
Касеро, ки иқболи давлат расост,
Саре гар ба ин хам расонад, баҷост.
Дар абрӯи хубон ҳамин ҷавҳар аст,
Ки аз чашму мижгон ҳамон бартар аст.
Дамидаст аз килк ҳам ин сарир,
Ки аз маҳ хамидан надорад гузир.
Хам ороиши маҳфили нози ӯст,
«Тавозӯъ зи гарданфарозон накӯст».
Лекин мутолиъаи дақиқи маснавии «Сифати асп» нишон медиҳад, ки мақсади аслии шоир дар ин асар сифати аспи ҳақиқӣ набуда, балки масъалаи дигаре будааст. Мурод аз таърифи асп, чолокӣ ва ҳаракати тезу тунди ӯ тасвири фурсат ва гузашти тирвори он мебошад. Ба таъбири дигар гӯем, асп рамзи вақт, рамзи умри инсон ва ҳаракату рафтори он рамзи гузаштани умр аст. Ин маъниро аз қисматҳои оғоз ва анҷоми маснави пай бурдан мумкин аст. Асар бо мисраъҳои зерин шурӯъ мешавад ва матлаби шоир аз се байти охир ба хубӣ ошкор аст:
Шабе дар ҷунунзори дашти хаёл
Дил аз бехудӣ дошт ҷавлони ҳол.
Тапишҳо зи набзам бағал мекашид, ҷунун дар димоғам кутал мекашид.
Ба маҳмези тафтишам афтод кор,
К-аз ин ҷустуҷӯ вошикофам ғубор.
Зи гарди саманди сабуктози шавқ
Сиёҳӣ шуд оинаи таҳту фавқ.
Ба мутлақинонӣ пай андохтам,
Зи қалби сиёҳӣ бурун тохтам.
Хаёли парӣ шишае зад ба санг,
Гирифт имтиҳонгоҳи фитрат таранг.
Сарири қалам шеҳа бунёд кард,
Гаравтозии фурсат иршод кард.
Таки бодпое шунидам зи дур,
Ки меомад афшонда сомони сур.
Буроқе ҷаҳонтози гардуннавард,
Фарозанда гардан сабеъии мард.
Рамзи умр ва гузашти он будани асп ва ҳаракату рафтори ӯ аз қисмати хотимавии асар, ки як навъ хулоса ва ҳалли тамсил аст, боз ҳам равшантару возеҳтар мегардад:
Биё, Бедил, инҳо чӣ ҷавлонгарист,
Ба даште ки гардаш ҷунуни парист.
Пайи истиороти ботил мадав,
Бас аст, ин қадар пой бар гил мадав,
Ки ин парфишон фурсати рахшном
Мисолест аз умри ваҳшатхиром.
Агар аз рами умр дорӣ хабар,
Ғубораш ҳамон рафта гир аз назар.
«Биё» гар хитобат намудам, чӣ суд?
Инони тааммул ба дастам набуд.
Чӣ миқдор бедаступо гуфтаам,
Ки ҳарфи «бирав»-ро «биё» гуфтаам.
Ба хеш омадан ҷуз тасаннӯъ куҷост?
Дар ин ҷо «биё» ҳар кӣ гӯяд, хатост.
Абас чанд ранҷи баёнаш кашӣ?
Нафас гир, шояд инонаш кашӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё