ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
Дар охир илова кардан лозим аст, ки ба туфайли баёни мақсади асосӣ шоир таъриф ва тавсифи аспи ҳақиқиро низ дар назар доштааст ва бо ҳамин роҳ меҳру муҳаббат ва дилбастагии хешро нисбат ба он изҳор намудааст.
МАСНАВИИ БЕДИЛ «ТАНБЕҲУЛМУҲАВВИСИН»
Мирзо Абдулқодири Бедил (1644-1720) маснавиҳои зиёде таълиф намудааст, ки муҳимтарини онҳо – «Ирфон», «Муҳити аъзам», «Тилисми ҳайрат» ва «Тури маърифат»
маълуму маъруфанд. Шоир илова бар асарҳои мазкур якчанд маснавии хурд низ таълиф кардааст, ки ба эътибори дарбаргирии мавзӯъҳои воқеъию дунявӣ, содагии забону услуб ва равонии тарзи баён сазовори омӯзиш ва дастраси умум гардонидан мебошанд. Мутолаъаи ин қабил асарҳо нишон медиҳад, ки Бедил дар баробари таваҷҷӯҳ ба мавзӯъҳои маъмули адабиёт – тасвири ҳаёти мардум, танқиди нобаробариҳои замон, маҳкуми зулму беадолатӣ, мазаммати ҷаҳолату нодонӣ, васфи меҳнату хурамиҳои зиндагӣ, тараннуми ишқу зебоӣ баёни масъалаҳои гуногуни фалсафию ирфонӣ ва тарбиявию ахлоқӣ-ба тасвири ҳодисаҳои конкретии замони худ ва тасвири ашёҳои муҳити атроф диққати ҷиддӣ дода, дар ин мавзӯъҳо низ асарҳои ҷолиби диққат офаридааст.
Яке аз чунин асарҳои шоир маснавиест бо номи «Танбеҳулмуҳаввисин», ки дар мазаммати илми бардурӯғи кимиё ва танбеҳу накӯҳиши шахсони ба он машғул - муҳаввисон ё худ кимиёгарон навишта шудааст. Ин асар дар нашри Сафдарии куллиёти шоир (Бамбай, 1299/1882) бе унвони алоҳида ва дар нашрҳои Кобул (1341-1344/1962-1965) ва Теҳрон (1376/1997) бо номи «Кимиё» дарӣ гардидааст. Вале дар манбаъҳои адабии наздик ба замони Бедил аз ҷумла дар тазкираи Биндробандоси Хушгӯ «Сафинаи Хушгӯ (замони таълифаш 1724-1735) ва баъзе нусхаҳои хаттии осори шоир, масалан, дар қадимтарин нусхаи хаттии куллиёти ӯ (солҳои китобаташ 1722-1724), ки дар китобхонаи оммавии Худобахши Патна маҳфуз мебошад, ин маснавиро бо номи «Танбеҳулмуҳаввисин» дучор омадан мумкин аст.
Аз ин рӯ, мо низ онро бо ҳамин ном мавриди баррасӣ қарор медиҳем.
Гуфтан лозим аст, ки соли таълифи асарро на худи шоир зикр кардаасту на муаллифи ягон манбаъи адабӣ. Хушгӯ ва соҳиби тазкираи «Гули раъно» (соли таълифаш 1768) Лачҳмӣ Нароин Шафиқ роҷеъ ба мавзӯъ ва мундариҷаи он сухан карда, ҳаҷмашро ҳазор байт гуфтаанд. Лекин дар нашрҳои мазкури куллиёти шоир асар ҳамагӣ аз 210 байт иборат буда, яке аз нусхаҳои хаттии он, ки дар китобхонаи Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ Тоҷикистон маҳфуз аст, аз ин миқдор ҳам камтар аст.
Маснавӣ дар вазни рамали мусаддаси маҳзуф ва мақсур иншо шуд, дар он илми кимиё, ки гӯё ба воситаи «иксир» ном санги фалсафӣ мисро ба тиллою нуқра табдил медиҳад, танқид ва мазаммат шудааст. Асарро аз ҷиҳати сохту мундариҷа ба ду қисмат ҷудо кардан мумкин аст. Қисми аввал, ки 144 байтро дар бар кардааст, ба тарзи хитоба эҷод шуда, муносибати муаллифро нисбат ба кимиё, ки ба қавли Хушгӯ, «ҳаргиз мӯътақиди он набудааст», ошкор менамояд. Қисмати дуввум иборат аз ҳикояти ҳаҷвиест, ки ба сифати тамсил оварда шудааст.
Маснавӣ муроҷиатан ба кимиёгар оғоз ёфта, кимиё ҳарфи муҳол, тахайюли ботил ва амали мавҳум дониста шуда, дар айни ҳол ба ягон касби манфиатноке рӯ овардани шахси мухотаб тарғиб шудааст:
Эй муҳаввис, дар ҳавои кимиё
Метапад набзи ту чун зайбақ чаро?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё