Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Баҳри таҳсили маъош, эй бадгуҳар,
Касб бисёр аст, агар бандӣ камар.
Ин чӣ савдо дар сарат афтодааст?
Аз куҷо ин нагбатат рух додаст?
Рафт чун симоб ором аз дилат,
Ганда чун кибрит шуд обу гилат.
З-ин тахайюлҳои ботил сар битоб,
Пуч мебофад саропои ҳубоб.
Шоир беасосу бенатиҷа будани ин амалро таъкид намуда, қайд кардааст, ки калимаи «кимиё», ки содалавҳону зудбоваронро ба иштибоҳ андохтааст, дар асл маънои ҳиллаву найранг ва хаёли хомро дорад. Манфиъат хостан аз ин шуғл монанд ба он аст, ки аз тори анкабут нағма ҷуста шавад:
В-арна асли кимиё ранг асту бас,
Симу зар фаҳмиданат нанг асту бас,
Дар луғат ҳилласт номи кимиё,
Мебарад ин лафзи маҷҳулат куҷо?
Ҳеҷ кас мазмуни ин номат нагуфт,
К-аз мизоҷат ҳирси симу зар шукуфт.
Ҳар кӣ аз симоб мехоҳад сабут,
Нағма меҷӯяд зи тори анкабут.
Бедил шуғли ки миёгариро на танҳо чун пешаи бесу ду беҳуда маънидод кардааст, балки онро ҷиноят ҳукм карда, қатли ки миёгарро чун қатли дузд салоҳ донистааст:
Ҳар кӣ мегардад дар ин фан устод,
Медиҳад охир сари худро ба бод.
Кимиёгар ҳар ки ро фаҳмидаанд,
Қатли ӯ чун дузд воҷиб дидаанд…
В-ар бигӯи аз шукӯҳи ин амал,
Дастгоҳи хусравон дорад халал…
Иллаташ он аст, к-ин қавми дағал
Медиҳад аҷсодро ранги амал.
То вуболи қисаи мардум шаванд,
Ин харон, ё раб, зи олам гум шаванд.
Шоир барои беҳтар ошкор намудани моҳият ва натиҷаи ки миё онро ба шуғли дигари фавқуттабиӣ – симиё ё худ сеҳру ҷоду-монанд карда, саропо фиребу найранг ва беасос буданашро хотирнишон сохта, таъкид намудааст, ки шахси ба ин дард гирифтор умри азизи худро ба боди фано дода, ғайри надомат ва афсӯс чизи дигаре ба даст оварда наметавонад.
Шоир бо мақсади тасдиқи фикр бо хитобаи риторикӣ иктифо накарда, ба образи бадеӣ, ки мақсадро зинда ва айёнӣ ифода мекунад, муроҷиат намуда, ҳикояти ҳаҷвиеро мисол овардааст, ки ғолибан маҳсули тахайюли эҷодии худи ӯ мебошад. Дар ҳикоят саргузашти шахсе акс ёфтааст, ки аз тамоми касбҳо даст кашида, бо мақсади анбоштани симу зар аз пайи кимиёгарӣ афтодааст, вале дар ин роҳ ба комёбӣ ноил нашуда, баръакс, ба навмедию нокомиҳои зиёде рӯ ба рӯ омад, оқибат ба шармандагӣ ва марги беаҷал дучор гардидааст.
Қобили қайд аст, ки Бедил сабаб ва омилҳои ривоҷи ки миёро низ нишон додаст, Ба ақидаи ӯ, сабаби ривоҷи ин пеша, аз як тараф, ҷаҳолату нодонӣ ва соддалавҳии гурӯҳи муайяни одамон бошад, аз тарафи дигар, ҳирсу зарпарастӣ ва мардумфиребии қисми дигари онҳост.
Алоқамандона ба ин масъала шоир хислатҳои ҳарисӣ, зарпарастӣ ва дар ин асос мардумфиребию хунхории одамони алоҳидаро маҳкум ва танқид намудааст:
Чанд бо кӯрӣ тавон будан надим,
Гул манеҳ бар дида аз динору сим.
Симро фаҳмидаӣ бахти сафед,
Рӯсафедӣ аз барас дорӣ умед?
Оламеро кард ҳирси сим кӯр,
Барф аксар бурдааст аз чашм нур.
Сафҳаи андеша қирандуд чанд?
Шамъи фитрат поймоли дуд чанд?
Зарпарастӣ нест дар мулки камол,
Гар ҳама хуршед бошад, безавол.
Умрро дар фикри зар кӯтоҳӣ аст,
Тоҷи заррин шамъро ҷонкоҳӣ аст.
Зар ба ранги маъсиятҳо мекашад,
Охир ин сафро ба савдо мекашад.
Маснавӣ дар баробари аҳамияти тарбиявию ахлоқӣ ва адабию эстетикӣ доштан аз аҳамияти маърифатнокӣ низ холӣ намебошад. Мутолаъа ва омӯзиши он, аз як тараф, моро ба ривоӣ ва нашри ин шуғл дар аҳди шоир ошно намояд, аз тарафи дигар, имконият медиҳад, ки ба равиши кор, тарзи тайёр кардани «тиллову нуқра» ва технологияи он шинос шавем. Ин асар дар кори таҳқиқи ҷаҳонбинии шоир низ бе аҳамият нест.

пешина
аз 250
навбатӣ