Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

«ТАШБЕҲОТУ ТАМСИЛОТ» Ё ИСМЕ БЕМУССАМО?
Дар иддае аз таълифоти илмӣ ва илмӣ-оммавӣ, аз ҷумла дар асари дастаҷамъии «Намунаҳои адабиёти тоҷик» (Сталинобод, 1940), рисолаи устод Садриддин Айнӣ «Мирзо Абдулқодири Бедил» (Сталинобод, 1954), нашрҳои гуногуни китоби дарсӣ барои мактабҳои миёна, мақолаи Муҳаммадҳайдари Жубал «Ёди Бедил» (маҷаллаи «Ирфон», Кобул 1335, № 7), китоби А. Юнусов «Феҳристи дастнависҳои тоҷикӣ - форсии китобхонаи давлатии РС Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ» (ҷилди 1 Душанбе 1971), рисолаи С. Акрамов «Неъматхони Олӣ ва девони ашъори ӯ» (Душанбе 1981), «Энсиклопедияи Советии Тоҷик»
(ҷилди 1 Душанбе 1978), тазкираи «Гулшани адаб» (ҷилди 4, Душанбе 1977), мақолаи Парвин Сино «Китобшиносии Бедил» (Маҷаллаи «Хуросон», Кобул 1364 № 24-25) ва ғайра, дар қатори осори маълуми Мирзо Абдулқодири Бедил (1644-1720) асаре зери унвони «Ташбеҳот ва тамсилот» ном бурда шудааст. Вале дар нусхаҳои хаттии осори Бедил, нашрҳои гуногуни куллиёти ӯ, аз ҷумла дар мукаммалтарин нашри он, ки дар байни солҳои 1341-1344 шамсӣ дар Кобул ба табъ расидааст, бо ин ном асари шоир дучор намеоем. Аксар аз муҳаққиқони шоир низ аз «Ташбеҳот ва тамсилот» ном асари ӯ ёд накардаанд.
Аввалин муҳаққиқоне, ки «Ташбеҳоту тамсилот» ном асарро ба Мирзо Абдулқодири Бедил нисбат додаанд, шоирон Муҳаммадҷон Раҳимӣ ва Абдусалом Деҳотӣ мебошанд. Ин муаллифон дар мақолае бо номи «Мирзо Абдулқодири Бедил», ки бори аввал дар соли 1940 дар китоби зикршудаи «Намунаҳои адабии тоҷик» чоп шуда буд, дар хусуси мероси адабиёт Бедил сухан ронда, дар қатори ғазалу рубоъиёт, маснавиҳои «Муҳити аъзам», «Тилисми ҳайрат», асарҳои мансури шоир «Чорунсур», «Руқаъот» ва ғайра аз «Ташбеҳот ва тамсилот»
низ ёд кардаанд (ниг. Намунаҳои адабиёти тоҷик, Сталинобод 1940 саҳ. 186).
Тавре ки гуфтем, устод Садриддин Айнӣ ҳам дар рисолаи мазкури хеш аз «Ташбеҳоту тамсилот» ном бурдааст. Ӯ доир ба мероси адабии Бедил маълумот дода, дар бораи теъдоди асарҳои шоир чунин навиштааст: «Ин шоири бузурги пурбаракати дарозумр дар муддати дарози ин фаъолияти адабии худ, мувофиқи куллиёти осораш, ки дар дасти мост, асарҳои зеринро ба вуҷуд овардааст: 1. «Дебоча», 2. «Ирфон», 3. «Тури маърифат», 4. «Никот», 5.
«Ишорот ва ҳикоёт», 6. «Руқаъот», 7. «Чорунсур», 8. «Муҳити аъзам», 9. «Тилисми ҳайрат», 10. «Ғазалиёт», 11. «Рубоиёт», 12. «Қасоид», 13. «Қитъаот ва қитъаҳои таърихӣ», 14.
«Таркибот ва тарҷеъот», 15. «Ташбеҳот ва тамсилот». Ҳар кадоми ин асарҳо дар матбаъа бо рақамҳои алоҳида чоп шудаанд». (С. Айнӣ, Мирзо Абдулқодири Бедил, Сталинобод 1954, саҳ. 59).
Устод Айнӣ зимни характеристикаи асарҳои алоҳидаи Бедил доир ба «Таркиботу тарҷеъот» ва «Ташбеҳоту тамсилот» чунин навиштааст: «Таркибот ва тарҷеъот» ҳам «Ташбеҳот ва тамсилот»-ро ҳарчанд чопачиҳо алоҳида ном дода бошанд ҳам инҳо монанди рубоиёт, қасоид ва қитъаҳо ҷузъи девон ба шумор мераванд, чунон ки ғазалҳо ва рубоиҳо дар тамоми гузариши умр навишта мешавад, инҳо ҳам дар вақтҳои гуногун навишта шудаанд.
(Ҳамон ҷо с. 76).
Манбаъи маълумоти ҳам Муҳаммадҷон Раҳимию Абдусалом Деҳотӣ ва ҳам устод Айнӣ, тавре ки худи онҳо ишора кардаанд, нашри Сафдарии Куллиёти Бедил аст. (ниг. куллиёти Мирзо Абдулқодири Бедил. Бо саъйу кӯшиши Нурридин ибни Ҷавохон, Бамбай, Матбаъи Сафдарӣ 1299).

пешина
аз 250
навбатӣ