Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар феҳристе, ки бо номи «Феҳристи куллиёти Мирзо Абдулқодири Бедил» дар охири ин нашр омадааст воқеъан 15 китоби мазкур бо ҳамон тартибе, ки устод Айнӣ овардааст, дарӣ гардидаанд.
Вале таркиби воқеъии куллиёт аз феҳристи он ҳам аз назари теъдоди китобҳо ва ҳам аз назари тартиби ҷойгиршавии онҳо тафовут дорад. Матни умумии кулииёт қисматҳо ё худ китобҳои зеринро дарбар кардааст:

  1. «Дебочаи куллиёт», 2. «Ирфон», 3. «Тури маърифат» 4. «Никот» 5. «Ишороту ҳикоёт мутаъалиқ ба Нукот», 6. «Чорунсур», 7. «Руқаъот», 8. «Муҳити аъзам», 9. «Ғазалиёт», 10.
    «Рубоъиёт», 11. «Тилисми ҳайрат», 12. «Қасоиди фуйузи авоид маъа таърихи нури фавоид».
    Чунон ки мебинем, мундариҷаи нашри Сафдарии куллиёти Бедил аз дувоздаҳ бахш ё худ аз дувоздаҳ китоб иборат аст, на аз понздаҳ китоб, ки дар феҳристи он сабт гардидааст. Тавре ки устод Айнӣ навиштааст, ҳар кадоми ин китобҳо бо унвон ва саҳифаҳои алоҳида ба чоп расидаанд. Муҳтавиёти 11 китоб аз унвонҳои онҳо маълуманд. Вале китоби 12 ба ғайр аз қасидаву қитъа навъҳои дигари шеърӣ-ғазал, рубоъӣ, таркиббанду тарҷеъбанд, маснавӣ ва ғайраро дарбар кардааст. Мундариҷаи ин бахш ба қарори зайл аст: таркиббанд (бе унвон), тарҷеъбанд (бе унвон), рубоъиёти қайди воқеъа (бо унвони «Аррубоиёт»), маснавии кӯчаке дар таърифи даҳону дандон иборат аз ҳафт байт (бе унвон), чанд байти алоҳида ва боз чанд рубоъӣ (бе унвон), як ғазал дар мадҳи Шукруллоҳхон-яке аз дӯстони шоир (бе унвон), чандто чистону муъаммо (бе унвон), маснавие иборат аз 210 байт бо номи «Фӣ ҳасби аҳволиҳи муҳозиян биннафиси, минатташбиҳоти ваттамсилоти, валлоҳу аълам» ва ниҳоят маснавии дигаре иборат аз 100 байт дар мавзӯъи таърифи фил.
    Тавре ки аз таркиби воқеъии куллиёт бармеояд, «Ташбеҳот ва тамсилот» ном китобе ё худ асаре дар дохили он дида намешавад. Чизе ки муаллифи феҳристи куллиётро ба иштибоҳ андохтааст, сарлавҳаест бо номи «Фӣ ҳасби аҳволиҳи муҳозиян биннафиси, минатташбиҳоти ваттамсилоти, валлоҳу аълам»-яъне дар ҳасби аҳволи муаллиф андар ситез бо нафси худ, дар навъи ташбеҳот ва тамсилот ва боз худо донотар аст.
    Чунон ки мебинем, ин ҷо мурод аз таъбири «ташбеҳот ва тамсилот» асари мустақиле ба ин ном нест. Ин таъбир ишора ба характери тамсилӣ доштани асарест, ки зери сарлавҳаи мазкур дарӣ гардидааст. Гузашта аз ин, асаре ки зери ин сарлавҳа омадааст, дар ҳасби аҳволи муаллиф набуда, балки маснавиест дар мазамати кимиё ва кимиёгарон, ки номи аслиаш «Танбеҳулмуҳаввисин» мебошад. Оғози ин маснавӣ чунин аст:
    Эй муҳаввис, дар ҳавои кимиё
    Метапад набзи ту чун зайбақ чаро?
    Баҳри таҳсили маъош, эй бадгуҳар,
    Касб бисёр аст, агар бандӣ камар.
    Ин чӣ савдо дар сарат афтодааст?
    Аз куҷо ин накбатат рӯ додаст?
    Рафт чун симоб ором аз дилат,
    Ганда чун кибрит шуд обу гилат.
    Пир гаштӣ, лек бар ҳарфи муҳол
    Меравӣ аз ҷо чу тифли хурдсол.
    Медавию мехӯрад поят ба санг,
    Як нафас сокин шав, эй беорунанг.
    З-ин тахайюлҳои ботил сар битоб,
    Пуч мебофад саропои ҳубоб.
    Муаллифи сарлавҳаи мазкур, зоҳиран, аз мавзӯъи аслии ин асар огаҳ набудааст, ки дар охири он сарлавҳа «валлоҳу аълам»-боз худо донотар аст, навиштааст. Агарчи ин асар дар нашри кобулии куллиёти Бедил бо номи «Кимиё» омадааст, вале унвони аслии он, чунон ки гуфтем, «Танбеҳулмуҳаввисин» аст. Дар нусхаҳои хаттии осори Бедил ва тазкираҳо низ маснавӣ бо ҳамин ном зикр гардидааст. Чунончи, дар қадимтарин нусхаи хаттии куллиёти Бедил, ки дар байни солҳои 1134-1136 (1721-1724) китобат шудаасту дар китобхонаи омавии Худобахши шаҳри Патна маҳфуз аст, маснавӣ бо номи «Танбеҳулмуҳаввисин» дарӣ гардидааст (ниг. Мавлавӣ Абдулмуқтадир, Феҳристи нусхаҳои хаттии арабӣ ва форсии Китобхонаи шарқии оммавии Бонкипур, ҷилди 3, Калкутта, 1912, саҳ. 197).
пешина
аз 250
навбатӣ