ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
Балки инҳо калимотеанд, ки шуъаро баъди тахаллус барои инкисор ва аҷзу кам задани худ меоранд. Зарур нест, ки онро ҷузви тахаллус ё айни тахаллуси ӯ бидонем».
Дар яке аз мақолаҳои «Садои Шарқ» (1979, №7), ки муаллифаш Муҳаббат Ҷалилова мебошад, истинодан ба «Мушфиқӣ» (Душанбе, 1978) ном рисолаи Зоҳир Аҳрорӣ аз шоире ба номи Абдураҳмони Бедил ёд шудааст. Аммо дар рисолаи мазкур шоире бо ин ном зикр нагардидааст. Дар ин рисола дар бораи Мирзо Абдулқодири Бедил сухан рафтааст.
Муаллифи мақола, шояд, дар асари бедиққатӣ ё шитобкорӣ бошад, ки ба ҷои «Абдулқодири Бедил» «Абдураҳмони Бедил» навиштааст.
Шоирони бедилтахаллусро дар адабиётҳои ғайрифорсӣ низ дидан мумкин аст. Чунончи, дар адабиёти паштузабони асри XVIII-и Афғонистон як шоир бо ин тахаллус маълум аст ва маҷмӯъаи ашъораш бо номи «Девони Бедил» дар соли 1957 дар Пешовар ба табъ расидааст.
Бо вуҷуди дастрас будани мероси адабиаш ному насаб, санаҳои ҳаёт ва маҳалли таваллуду вафоти ин шоир то ҳол аниқ нашудаанд. Аз тафсилоти аҳволаш ҳамин қадар маълум аст, ки ӯ дар Ашнағар ном ноҳияи назди Пешовар зиндагӣ карда, ба чанд шаҳру вилояти Ҳиндустон, аз ҷумла ба Патану Кашмир, борҳо сафар кардааст.
Дар адабиёти асри XIX Синд низ шоире бо ном ва тахаллуси охунд Абдулқодири Бедил арзи вуҷуд кардааст. Дар рисолае, ки бо номи «Ёди рафтагон» дар Ҳоло ном шаҳри Синд дар соли 1953 ба табъ расидааст, доир ба у маълумоти мухтасаре мавҷуд аст. Ин шоир дар Шикорпур ном шаҳри Синд ба дунё омада, дар ҳамон ҷо умр ба сар бурдааст. Муаллифи рисолаи мазкур Муҳаммадзамон Толиб-Алмавло дар қатори баёни шарҳи ҳоли шоир акси ӯро низ чоп кардааст. Аз шабеҳи шоир маълум мешавад, ки ӯ тахминан 75-80 сол умр дидааст.
Дар таърихи адабиёти форсизабон шоирон бо тахаллуси «Бедилӣ» низ вуҷуд доранд. Бино бар маълумоти тазкираҳое чун «Маҷолисуннафис»-и Алишери Навоӣ, «Миръотулхаёл»-и Шералихони Лудӣ ва «Ништари ишқ»-и Ҳусайнқулихони Ошиқ, ба ин тахаллус алҳол панҷ шоир маълум аст. Яке шоира Бедилии Ҳиравист, ки дар муҳити адабии асри XV Ҳирот зиндагӣ кардааст. Байте, ки дар сарчашмаҳои адабӣ, аз ҷумла дар тазкираи Шералихони Лудӣ, ба ӯ нисбат додаанд, ҳамон аст, ки дар зикри Бедили Соваҷӣ иқтибос шуд. (Равам ба боғу зи наргис ду дида вом кунам, ки то наззораи он сарви хушхиром кунам).
Шоири дигари бедилитахаллус Мулло Бедилии Исфаҳонист, ки дар аҳди шоҳ Исмоили мозӣ, яъне дар асри XVI дар Эрон умр ба сар бурдааст.
Саввумин шоири бедилитахаллус шоири ҳиҷогӯи асри XVI Хоҷамуҳаммад Бедилии Самарқандист, ки дар Самарқанд аз касби шамшергарӣ рӯз мегузаронидааст. Мутрибии Самарқандӣ дар тазкираи худ доир ба ӯ чунин навиштааст: «Исмаш Хоҷамуҳаммад буд ва аз водии шамшергарӣ, соҳибвуқуф менамуд ва дар гуфтани ҳаҷв теғи забонаш аҷоиб тез буд ва абёти обдор аз ӯ ба вуқуф меомад. Ҷаноби Мирафзалро (яке аз шоирони асри XVI-Б.Р.) аҳоҷии аҷиба намуда, ки ин нусха таҳмили эроди он надорад. Ашъори покизаи хуб низ дорад ва ин матлаъро некӯ гуфта:
Дар майкада хумҳо чу пур аз бодаи ноб аст, Дар даҳр дили Хизр чаро толиби об аст.
Мутрибӣ дар хусуси шоири мазкур Мирафзали Афзалӣ сухан ронда, дар баробари ба қалам овардани вазъи хандаовари ин шахс байтеро аз Бедилӣ низ зикр кардааст, ки дар ҳаҷви шахси мазкур гуфта шудааст. Мутрибӣ навиштааст: «Шахсе ҷаноби Мирро (Мирафзали Афзалиро-Б.Р.) нишона пурсида. Яке аз зурафо вазъи Мирро чунин баён карда, ки китоби гаронсанге ба вазни ним ман дар бағал карда ва қаламтароше ба вазни чоряк ба сар халида ва қаламҳои мутаъаддида ҳар як ба вазни ним чаҳоряк ба атрофи тоқӣ чида ва фашши мушавваше дар буни гӯш ниҳода ва дурраи бузурге дар миён устувор карда ва домани худро бар зада ва кисаи миқрозиву чақмокӣ ва намакдониву дурафшӣ ва ҷуволдӯзиву кордҳои касир дар паҳлу овехта ва асои чун сутуне дар даст гирифта. Дар кӯкнорхонаи Пули сафед ҳар кас бад ин сурат дар назарат ояд, бидон, ки Мирафзал аст. Ва мавлоно Хоҷамуҳаммади шамшергар (яъне Бедилии Самарқандӣ-Б.Р.) дар ҳаҷви Мирафзал чунин гуфта:
Туро ки бори китоби бағал басанда бувад,
Қаламтарошу қалам бар сари ту сарбор аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё