Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Муъосир ва шогирди Бедил Биндробандоси Хушгӯ (вафоташ 1170/1756-1757) низ онро бо ҳамин ном зикр кардааст. Ӯ зимни ёдоварӣ аз асарҳои гуногуни шоир дар хусуси ин маснавӣ навиштааст: «Ва дигар маснавиии «Танбеҳулмуҳаввисин» дар мазмамати кимиё, ки ҳаргиз муътақиди он набудаанд. » (ниг. Сафинаи Хушгӯ. Патна 1959. саҳ. 125).
Ва ниҳоят, дар чанде аз таълифоти илмӣ, аз ҷумла дар асарҳои Забеҳуллоҳ Сафо «Ганҷи сухан» (ҷилди саввум, Теҳрон 1340, саҳ. 122) ва «Таърихи адабиёт дар Эрон» (ҷилди5, бахши 2, Теҳрон 1368, саҳ. 1378), рисолаҳои Кошӣ Нотҳ Пандит «Аҳволу афкор ва сабаки ғазалиёти Мирзо Абдулқодири Бедил (Рисолаи дуктуроӣ, Теҳрон, 1961, чопи мошинка, саҳ. 88), Абдулғанӣ «Аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедил» (Кобул, 1352, саҳ. 88) ва «Луғатномаи Деҳхудо (шумораи мусалсали 125, ҳарфи «Б», бахши дуввум, Теҳрон 1345, саҳ.
487) ин маснавӣ бо унвони мазкур ёд шудааст.
Хулоса, Бедил «Ташбеҳот ва тамсилот» ном асаре таълиф накардааст. Ба ӯ нисбат додани ин исми бемусаммо иштибоҳест, ки аз ҷониби муаллифи феҳристи нашри Сафдарии куллиёти шоир сар зада, дар дигар таълифот такрор шудааст.
«ЧОРУНСУР»-И БЕДИЛ
«Чорунсур» бузургтарин асари мансури Мирзо Аҳдулқодири Бедил (1644-1720) буда, дар баробари фаро гирифтани масъалаҳои гуногуни фалсафию ахлоқӣ ва адабию эстетикӣ маъхази муҳими таърихию этнографӣ низ ба шумор меравад. Ин асар дар кори тадқиқ ва омӯзиши аҳвол ва осори худи шоир низ аз манбаъҳои асосӣ маҳсуб мешавад.
Шоир ва донишманди асри XVIII Сироҷиддин Алихони Орзӯ (1688-1757) дар тазкираи «Маҷмаъун нафоис» доир ба Бедил сухан ронда, навиштааст, ки «аксар ҳолоташ аз китоби «Чорунсур», ки аз таълифоти ӯст ва насраш дар камоли диққат ва покизагист, возеҳ ва лоеҳ мегардад».
Яке аз аввалин муҳаққиқони Бедил шоири маъруф Халилуллоҳи Халилӣ дар хусуси аҳамияти «Чорунсур» дар тадқиқи ҳаёту эҷодиёти шоир чунин фармудааст: «Беҳтарин шарҳе, ки метавон аз он ба аҳволу афкори Бедил пай бурд, он аст, ки худи ӯ дар рисолаи нафиси худ «Чорунсур» нигошта… «Чорунсур», дар ҳақиқат, калиди маърифати ҳама осору афкори Бедил ва ҳамчунин маҷмӯъаи восиқе аз шарҳи зиндагонии Бедил мебошад. » (Устод Халилӣ, Файзи қудс, Кобул, 1334, с. 1, 62).
Қобили қайд аст, ки «Чорунсур» асосан масоили мухталифи ҳаётиву дунявиро дарбар кардааст ва бино бар таъкиди худи муаллиф, сабаби «Чорунсур» унвон гирифтанаш ҳам дар ҳамин будааст. Ӯ дар ин бора навиштааст: «Чун маншаъи таҳрири ин маротибхомаи унсурӣ тартиби нашъаи имконист ва гардаи тасвири ин ҳақоиқсафҳаи мову ман таркиби нусхаи ҷисмонӣ, хиради маънисанад сарриштаи сутур ба рақимаи мактаби бедилӣ расонид ва қалами таҳқиқрақам ба мавсумии «Чорунсур»-аш мумтоз гардонид» (Куллиёти Бедил, Лакҳнав, 1287, с. 297-98).
Тавре ки аз ишораҳои худи Бедил бармеояд, «Чорунсур» дар муддати нисбатан тӯлонӣ ба дунё омадааст. Бедил дар оғози унсури аввал ба воқеъаи тарки мактаб намудану бо роҳи худомӯзӣ ба таҳсили илмҳои гуногун пардохтани худ ишора карда, илова намудааст, ки аз он ҳангом то ба имрӯз, ки «нафасшумории умр муқорини соли чиҳилу якум аст», ин худомӯзӣ ва такупӯй дар роҳи маърифати олами имкон идома дорад.

пешина
аз 250
навбатӣ