Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Айёми 41 солагии Бедил ба соли 1095 ҳиҷрӣ рост меояд. Пас замони шурӯъ ба таълифи асар соли 1095 ҳиҷрӣ мутобиқ ба соли 1685 милодӣ мебошад.
Таърихи анҷоми асар, бино бар қитъаи таърихе, ки дар охири «Чорунсур» дарӣ аст, 1116 ҳиҷрӣ мутобиқ ба солҳои 1704-1705 милодист. Қитъаи таърихи таълиф ин аст:
Биҳамдиллоҳ, зи хатми «Чорунсур»
Фараҳ пеш омаду ғам бар қафо рафт.
Ба сайроҳангии қонуни асрор
Зи сози ҷаҳл сомони наво рафт.
Баҳоре дастабанди рангу бӯ шуд,
Ки андӯҳи хазон аз боғи мо рафт.
Даме к-андешаи таҳқиқпардоз
Ба фикри соли ин таҳрирҳо рафт,
Ду таърих аз ҳисоб овард берун,
Ки дахли шубҳа хун гашту хато рафт.
Нахуст афсуне аз эъҷоз пардохт,
Ки аз афроди ҳар «унсур» «фано» рафт.
Дуввум дар иҷтимоъи чор «унсур»
«Нуҳусат» буд, чун занг аз сафо рафт.
Дар ин ҷо калимаҳои «унсур», «фано» ва «нуҳусат» моддаҳои таъриханд, ки бо ададҳои 410 (унсур), 134 (фано) ва 524 (нуҳусат) баробар мебошанд. Дар таърихи аввал агар аз калимаи «унсур» «фано» гирифта шавад, 279 боқӣ мемонад. Ин адад агар ба чор зарб зада шавад, 1116 ҳосил мешавад, ки соли анҷоми асар аст. Дар таърихи дуввум аз ҷамъи чор «унсур», ки 1640 аст, калимаи «нуҳусат» (524) кам карда шавад, боз ҳамон адад – 1116 боқӣ мемонад.
Аз ин ду ишораи шоир маълум мешавад, ки муддати таълифи асар беш аз 20 сол давом кардааст.
«Чорунсур» аз муқаддимаву хотима ва чаҳор бахш (чаҳор унсур) иборат буда, ҳар бахш ба мавзӯъи ҷудогона бахшида шудааст. Унвонҳои бахшҳои асар ба қарори зайланд:
Унсури аввал: Абҷади иштиъоли шӯълаи мақол ва гармиҳои сӯҳбати арбоби фазлу камол.
Унсури дуввум: Равоиҳи шукуфтагии баҳори олами манзум ва насоими файзғаноими фавоиди маълум.
Унсури саввум: Таровати шабистони маротиби мансур ва обёрии нахлистони кайфиёти шуъур.
Унсури чорум: Ғуборфишонии бисоти сувари аҷоиб ва зангзудоии оинаи нуқуши ғароиб.
Дар муқаддима пас аз қисматҳои анъанавии ҳамду наът дар бораи мақсади таҳрири асар ва мавзӯъҳои дарбаркардаи он сухан рафтааст. Муаллиф дар ин бора навиштааст: «Тахфифи иборатороиҳо шаммае мутобиқи рангу бӯи гулшани зуҳур аз гулу хори маротиби тайкарда адо менамояд ва пардаворе аз чеҳраи нуқсу камоли пайбурдаи худ мекушояд. То мӯҳтаҷиб намонад, ки ин нашъаи бехумори хумистони адам аз соғари эътибори ҳастӣ чӣ кашид ва ин нағмаи бенавои тарабгоҳи ваҳдат аз сози имтиёзи касрат чиҳо шунид».
Муаллиф дар баробари гӯшрас намудани мавзӯъҳои асосии асар ба масъалаи душвории сабку услуби он низ ишора кардааст. Ӯ навиштааст:
Дониш дар ин муҳит зи худ рахт бастан аст, Бар рӯи чормавӣ мураббаъ нишастан аст.
Фаҳме ба «Чорунсур»-и Бедил гумоштан
Аз домгоҳи шаш ҷиҳати ваҳм растан аст.
Унсури аввал баъзе лаҳзаҳои ҳаёти худи муаллиф, ёддоштҳои ӯ дар бораи як зумра олимону фозилони давр, сӯҳбатҳояш бо онҳо ва дигар ҳодисоту воқеъоти марбут ба давраҳои аввали зиндагии шоирро дарбар кардааст. Ба таъбири худи шоир гӯем, мақсади таҳрири унсури аввал «тавзеҳи ибороти сафҳаи иттифоқ» ва муддаъои тартиби он «тасреҳи таъмиёти ҳақиқати вифоқ» будааст.
Муаллиф ба характери шарҳиҳолӣ доштани ин бахши асар ишора намуда, навиштааст:
Аҳволи дигарон зи чӣ бар худ фузудаӣ?

пешина
аз 250
навбатӣ