ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
Бедил, зи худ бигӯ, ки ту ҳам кам набудаӣ.
Гар решае зи тухми ту ояд ба рӯи кор,
Банди ниқоби хирмани имкон кушудаӣ.
Барги гулат ҳазор чаман арзи рангу бӯст,
Оинаи худиву ҷаҳоне намудаӣ.
Мижгони туст басту кушоди тилисми даҳр,
Эй чашми огаҳӣ, зи чӣ ғафлат ғунудаӣ?
Олам тамом арзи паёми худ асту бас,
Эй шавқ, нолае ки чӣ аз худ шунудаӣ.
Бедил дар ин ҷо аз валодати хеш, даврони кӯдакӣ, воқеъаи вафоти падар, айёми мактабхонӣ, ҳодисаи тарки таҳсил намудани худ нақл намуда, алоқамандона ба ин мавзӯъҳо роҷеъ ба устодони аввалини хеш – шайх Камол, Шоҳмулук, Шоҳяккаи Озод, Шоҳфозил, Шоҳқосими Ҳуваллоҳӣ, амак ва тағоияш Мирзо Қаландару Мирзо Зариф таваққуф намуда, дар бораи ҳар кадомашон маълумотҳои муҳимеро дарӣ намудааст ва таърихҳои вафоти баъзеи онҳоро ба қалам низ овардааст.
Ишораҳои Бедил доир ба муъосирони дигараш Сайид Маҳмуд Хонидаврон ном набераи Мавлоно Яъқуби Чархӣ, ҳаким Тоҳири Гелонӣ ном табиби машҳур, Мирзо Абдусалом ном донишманд ва Рӯзибеки Туронӣ ном тоҷир низ ҷолиби диққат буда, дар кори тадқиқи ҳаёти маданиву фарҳангии асри шоир аҳамияти зиёде доранд. Аз навиштаҳои Бедил маълум мегардад, ки аксари шахсони мазкур – чи устодони шоир ва чи муъосирони дигараш-аз ҷумлаи олимону адибони замони худ ба шумор мерафтаанд ва Бедили ҷавон бисёр масоили тасаввуф ва шеъру шоириро аз онҳо омӯхтааст. Чунончи, шоир ёдовар шудааст, ки Шоҳмулук ном устодаш вайро ҳамеша ба эҷод кардани шеър тарғиб менамуд ва дар ин роҳ маслиҳатҳои судбахш низ медод. Ӯ боре дар сӯҳбате ба Бедил таъкид намудааст, ки «эй ҳавасинтизори румузи ҳақоиқ, аз дабистони эътибори вуҷуд ба ҳарфу савти пароканда қонеъ мабош, то мумкин аст, ба машқи мавзунӣ хомаи ҷаҳде бартарош, ки ҳайъати инсонӣ дар камоли мавзунӣ мусаввар аст ва ҳайкали башарӣ ба сифати санҷидагии тамом ҷилвагар».
Бедил дар ҷои дигари унсури якум аз устоди дигари худ Шоҳқосими Ҳуваллоҳӣ ёд карда, ба муддати се сол бо ӯ ҳамдаму ҳамнишин будан ва аз файзи сӯҳбатҳои вай баҳравар гардиданашро бо мамнуният қайд намудааст. Ба қавли худи Бедил, сӯҳбату гуфтаҳои Шоҳқосим назари ӯро ба ҳақиқати зиндагӣ ва моҳияти ҳастӣ тағйир дод, ба туфайли ошноӣ бо Шоҳқосим шоир ҷаҳони наверо кашф намуд, қадам дар олами дигаре ниҳод.
Бедил аз рӯзгори устодон ва саҳми онҳо дар тарбия ва таълими худ сухан карда, дар бораи амакаш Мирзо Қаландар бештар аз ҳама таваққуф намудааст. Зеро аз замони кӯдакӣ то ба айёми 16 солагии Бедил мураббӣ ва устоди асосии ӯ ҳамин шахс будааст. Тавре ки устод Халилӣ навиштааст, «Чорунсур» ягона маъхазест, ки зикри ашхоси мазкур ва боз чанд тан аз муъосирони дигари Бедилро дарбар кардааст. Аз ин рӯ, аҳамияти он ҳамчун сарчашмаи таърихӣ низ ниҳоят бузург аст.
Унсури дуввум чанде аз маҷлису маҳфилҳои аҳли илму адаб, иштироки муаллиф дар ин маҳофил, таъриху шароити эҷод шудани намунаҳои аввалини ашъори шоир, ошноӣ ва сӯҳбатҳои вай бо Шоҳкобулии маҷзуб, ҳодисаи хонадоршавӣ ва ба маслаки обо – сипоҳигарӣ пайвастани ӯро фаро гирифтааст. Шоир мақсаду мароми худро аз таҳрири ин унсур чунин баён намудааст: «Сарири улфатсафири хомаи Бедил дар таҳрири ин унсур инони рангҳои рафта бармегардонад ва навоҳои аз хотир рамидаро боз ба маҳфили баён мехонад. Ҳарчанд пар заданҳои нафас умрест дар гарди китоби маъонӣ афшондан аст ва таҳрики забон ба тозагиҳои мазомин машғули варақ гардондан, аммо аз кайфиёти нусхаи баъзе сӯҳбат, ки тӯҳматқобили фаромӯшӣ мебод, интихоби ёде мезанад ва аз сархушиҳои нашъаи баъзе истифода, ки махмурии нисён мабинод, паймонаи арзе ба гардиш меорад. Иъодаи тозагиҳо ба ин оҳанг муфти қонуни гуфтугӯст ва тамҳиди парфишониҳо ба ин андоз ғанимати парвози орзу»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё