Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аввалин лаҳзае, ки Бедил дар ин унсур аз он ёд кардааст, воқеъаи нахустин бор шеър гуфтани ӯст. Тибқи ин ёддошт, шоир якумин шеъри худро дар синни даҳсолагӣ, ҳангоми таҳсил дар мактаб, эҷод кардааст. Бино бар гуфтаи ӯ, яке аз шарикдарсони вай одате доштааст, ки аксаран дар зери забонаш як миқдор қаранфулмарҷон мегузоштааст ва дар вақти гап задан аз даҳони ӯ бӯи хуше ба димоғ мерасидааст. Ҳамин амали шарикдарсаш мӯҷиби ба дунё омадани аввалин шеъри ӯ гардидааст. Он шеъри аввалин ин аст:
Ёрам ҳар гоҳ дар сухан меояд,
Бӯйи аҷибеш аз даҳан меояд.
Ин бӯйи қаранфул аст ё накҳати гул?
Ё роиҳаи мушки Хутан меояд?
Бедил дар унсури дуввум аз воқеъаҳои хонадоршавӣ ва ба суннати гузаштагонаш – сипоҳигарӣ машғул шудани худро ба хотир оварда, сабаби маҳз ба ин пеша рӯй оварданашро низ зикр намудааст. Ӯ навиштааст, ки «дар он ҳолат (ҳолати баъди хонадоршавӣ – Б. Р) касбе, ки аҳли маош ба илтизоми он ногузиранд, муносиби ҳоли таҳайюрмаоли худ намедид, ночор мутатаббеъи суннати обо гардид ва ба тариқаи сипоҳ гаравид».
Бедил илова бар он, ки дар ин ҷо низ аз ҳаёти устодони худ Шоҳфозил ва Шоҳқосими Ҳуваллоҳӣ лаҳзаҳои ҷолиберо нақл менамояд, роҷеъ ба дигар адибону фозилони аср – шоҳ Абулфайзи Маъонӣ, Муллодарвеш Волаи Ҳиравӣ, шоҳ Неъматуллоҳи Фирӯзпурӣ ва маҷзуби мазкур Шоҳкобулӣ маълумотҳои муҳимеро дарӣ намудааст. Масалан, дар маҳфиле иштирок кардани шоири намоён Муллодарвеш Волаи Ҳиравиро қайд карда, ӯро ба таъбири «маъниорои тарзи навӣ» ном бурдааст ва илова кардааст, ки «тамкини ибороти матинаш бар раги хоро хати насх кашидӣ ва назокати мазомини рангинаш бар латоифи бӯи гул афсуни табассум дамидӣ».
Чунон ки ишора кардем, Бедил дар унсури дуввум чанд намуна аз шеърҳои аввалини худро низ дарӣ намудааст. Яке аз он шеърҳо, ки дар синни даҳсолагии шоир эҷод шудааст, дар боло оварда шуд. Намунаи дигари шеърҳои нахустин рубоъии зерин аст, ки дар сини 15-
16 солагии шоир гуфта шудааст:
Эй дил, зи ғаму нишоти даврон бигузар,
Аз бешу ками мушкилу осон бигузар.
Дар гулшани даҳр чун насими дами субҳ
Озода дарою доманафшон бигузар.
Дар ин унсур дар қатори шеърҳои аввалини шоир бо нахустин рисолаи насрии ӯ низ дучор омадан мумкин аст. Ин рисола низ дар синни 15-16 солагии муаллиф дар ҳалқаи сӯҳбати яке аз устодони шоир-шоҳ Абдулфайзи Маъонӣ иншо шудааст. Мавзӯи рисола аз таърифи олами мисол, яъне дунёи хобу хаёл, иборат аст ва дар он назари шоир ба ҳолатҳои хобу бедорӣ ва сабабҳои ба амал омадани онҳо ифода ёфтааст. Ба ақидаи Бедил, хоб натиҷаи дар олами боло сайр кардани рӯҳ асту бедорӣ нишонаи мутаваҷҷеҳи дунёи моддӣ гардидани вай. Ӯ навиштааст: «Нафси нотиқа (яъне рӯҳ – Б. Р), ки сарриштаи ишорати маъниаш ба олами лоҳут банд асту решаи гул кардани ибораташ ба обу гили носут пайванд, ҳарчанд тамошои гулшани асмову сифоташ ба чандин ранги ваҳму занн машғул медорад, мумкин нест, ки ҳузури улфатободи берангӣ ба куллӣ аз даст бигзорад. Ғунчаи ҷамъияти асрораш аз риёзи тақаддус дари ҳайрате кушудааст ва ба хаёли рангу бӯи касрат оғӯши нигоҳе вонамуда.
Муқаддимаи хобаш фароҳам овардани он дар аст бар рӯи идроку имтиёз ва ниқоби тағофул афкандан бар ҷамоли шуъури ҳақиқату маҷоз.

пешина
аз 250
навбатӣ